Дарраи ҳафтоду шашум бар шонаҳои хуншори Айнӣ ва харобкории чингизӣ

Шаҳрдории Душанбе дар садади хароб кардани хона-музейи Садриддин Айнӣ аст. Гӯё хонаи яке аз беҳтарин фарзонагони тоҷик зеби шаҳри Душанберо, ки ба шаҳри кӯчиён ва селовардаҳо бадал гаштааст, халалдор мекунад.

Дасте, ки ба ин санад имзо мегузорад, бо дастони худаш барои худаш гӯр меканад. Хоҳ Эмомалӣ Раҳмон бошад, хоҳ Рустами Эмомалӣ.
Агар мо – шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин иҷозат бидиҳем, боз хомӯш биншинем, бояд мо ҳам барои худамон равем ва дар қабристонҳо гӯр бикобем. Аз будану набудани мо дигар суде нест!

Коммунистӣ ё демократ, исломӣ ва ё зардуштӣ, муҳоҷирӣ ё вазир – агар заррае инсоф дорӣ, имрӯз бояд дар як сангар ва як ҷабҳа бошӣ!
Дифоъ аз Айнӣ – дифоъ аз таърих, дифоъ аз номус, дифоъ аз Истиқлол аст.
Агар Айнӣ намебуд, тоҷик гумном мешуд.
Агар Айнӣ намебуд, дар харитаи ҷаҳон кишваре бо номи Тоҷикистон падид намеомад!

Ҳар касе як хишт аз хонаи Айнӣ меканад, бигзор хонавайрон шавад ва дар гӯшаш ин нидои Айнӣ пайваста садо диҳад:

Хоҳам он хонаи бедоду ситам вайрон бод!
Хоҳам он маҳкамаи ҷабр мазористон бод!
Хоҳам он тахт, ки шуд боиси бадбахтии мо,
Реза-реза шуда бо хоки сиёҳ яксон бод!
Хоҳам он тоҷ, ки ишратгаҳи ҷаллодон аст,
Пора-пора шуда дар зери замин пинҳон бод!
Хоҳам он зумра, ки имрӯз таҳаккум дорад,
Даст баста ба дари маҳкамаҳо ҳайрон бод!
Хоҳам он муфтию он қозию он шоҳу вазир,
Сарнагун гашта ба хуни худашон ғалтон бод!

Додоҷони Атовулло

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.