Дарсҳои таҳаввулоти рақамӣ ва устувории тиҷорат дар Хоруғ

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи тиҷорати Кембриҷ бо ҳадафи дастгирии ширкати мухобиротии Тисел дар давраи пас аз ҳамагирии куруно барномаи омӯзишии амалиеро таҳия кардааст, ки он аз омӯзиши навоварӣ, таҳаввулоти рақамӣ ва устувории тиҷорат иборат мебошад. Дарсҳо дар Хоруғ мегузаранд. 

  • Дар ин бораи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо пахши як иттилоъия хабар додааст. Ба иттиллоъи донишгоҳ,  “ба сабаби рақамӣ шудани тиҷоратҳо ва тариқи онлайн ироа шудани хадамоти омӯзишӣ болои фароҳамкунандагони интернет барои густариши хадамот ва истифодаи фанновариҳо фишори бештаре мешавад. Донишгоҳи Осиёи  Марказӣ бо шарикони худ барои расидагӣ ба ин масъалаҳо ва чолишҳои дигари оянда дар заминаи иртиботот барномаи махсуси омӯзиши таҳаввулоти рақамӣ, шеваҳои роҳбарию фарҳанг ва мудирияту навовариро таҳия кардааст”.
  • Барномаи омӯзишӣ дар кампуси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ баргузор мешавад ва дар он кормандони ширкати Тcell иштирок хоҳанд кард. Ҳарчанд масъулини донишгоҳ рӯи ин нукта дар иттилоъия таваҷҷуҳ накардаанд, аммо бояд гуфт, ки ширкати Тселл аз муассисаҳои тиҷоратии зери назари Шабакаи Оқохон оид ба Рушд (AKDN) мебошад.
  • Дар назар аст, ки барномаи омӯзишии мазкур намунае аз таҷрибаҳои нав ва дидгоҳҳои гуногунро дар мавзӯъ ва қолабҳои васеъ ироа мекунад. Дар ин барнома ба хотири дар амал истифода бурдани маводҳои донишгоҳҳои шарик усулҳои таълимӣ ва равишҳои гуногун бо шумули мавзӯъҳои мушаххас бар асоси таҷрибаҳои ҷаҳонӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
  • Дарсҳо дар шакли барномаи ҳузурӣ ва як дарси онлайн аз ҷониби устодони донишгоҳҳои шарик ва роҳбарони иҷроияи ширкатҳои мухобиротӣ баргузор мегарданд.
  • Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таъкид мекунад, ки  “ин ҳамкориҳо ба хотири анҷом додани тадқиқотҳои муштарак ва баҳравар кардани пажуҳишгарони донишгоҳҳои ҳамкор ва инчунин ташкилотҳои Шабакаи Оғохон оид ба Рушд (AKDN) роҳандозӣ шудаанд.
  • Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ муассисаи омӯзишии хусусӣ, ғайритиҷоратӣ ва дунявӣ буда, аз тариқи шартномаи байналмилалӣ байни президентҳои кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Оқохони IV таъсис ёфтааст.
  • Донишгоҳ ба унвони муассисаи олии омӯзишӣ ба рушди манотиқи куҳистон тамаркуз карда, кампусҳои Мактаби илмҳои гуманитарӣ, табиатшиносӣ ва дақиқи худро дар шаҳрҳои Хоруғи Тоҷикистон ва Нарини Қирғизистон бунёд кардааст. Сохтмони кампуси сеюми Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Текелии Қазоқистон дар марҳилаи барномарезӣ қарор дорад.
  • Мактбаи олии рушди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз се донишкадаи тадқиқотӣ ва Мактбаи маълумоти касбӣ ва давомдор (ММКД) иборат аст. Шурӯъ аз соли 2006 бештар аз 172 ҳазор донишомӯз курсҳои ММКД-ро хатм кардаанд.

The post Дарсҳои таҳаввулоти рақамӣ ва устувории тиҷорат дар Хоруғ appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.