Дарвеши Гунободии зиндонӣ дар беморхонаи Эрон даргузашт

Мақомот дар Эрон мегӯянд, ки як фаъоли зиндонӣ аз аққалиятҳои динии дарвешони Гунободӣ бар асари заҳролудшавӣ аз маводи дорувор даргузашт. Беҳном Маҳҷубии 33-сола дар қатори дигар аъзои ҷомеаи сӯфиёни Гунободӣ барои ширкат дар эътирозҳои соли 2018 муттаҳам шуд ва моҳи июни соли 2020 ба иҷрои мӯҳлати дусолаи зиндон пардохт. Батул Ҳусейнӣ, модари Маҳҷубӣ дар як паёми видеоӣ, ки аз ҷониби фаъолон нашр шуд, гуфт, то замоне, ки сабаби марги писараш мушаххас нашавад, намегузорад, ки ӯро хоксупорӣ кунанд. Марги ӯ 21-уми феврал эълон шуд ва дафъатан интиқодҳо аз бетаваҷҷӯҳии мақомотро ба бор овард.

Бар асоси гузоришҳо, Маҳҷубиро рӯзи 16 феврал аз зиндони низомаш шадиди Эвини Теҳрон ба беморхона интиқол доданд. Ҳамсари Маҳҷубӣ – Солеҳ Ҳусейнӣ ҳафтаи гузашта дар сӯҳбат бо Радио Фардо гуфт, ки ӯро иҷоза доданд, ки дар утоқи беморони ҳолаташон сангини беморхонаи Луқмони шаҳри Теҳрон   ҳамсарашро бубинад. Ба гуфтаи ӯ, ба ҳамсараш ёрии саривақтии тиббӣ нарасониданд ва ӯ дар натиҷа ба кома ё беҳушӣ афтод. Модараш гуфт, ки писараш бо ёрии дастгоҳи нафаскашӣ нафас мегирад ва дар ҳамин ҳолат ҳам дасташро ба кати беморӣ бо завлона бастанд.

Бар асоси арзёбиҳои созмони Афви байнулмилал ва Созмони ҳуқуқии тиббӣ, Маҳҷубӣ набояд зиндонӣ мешуд, чун, ба гуфтаи онҳо, “ба ихтилоли ҷиддии ваҳм” гирифтор шудааст.

Дарвешони Гунободӣ муддати тӯлонӣ аст, ки дар ҳолати зиддият бо режими Эрон ба сар мебаранд, чун, ба қавли мунаққидон, ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ онҳоро ба унвони таҳдид ба дин арзёбӣ мекунанд. Рӯзи 21-ми феврал як вебсайти расмии давлатӣ гуфт, ки “ба зиндонӣ ёрии вижаи тиббӣ расонида шуд, вале бо вуҷуди талошҳои табибон, мутаассифона, ин зиндонӣ даргузашт”. Созмони зиндонҳои Эрон иддао кард, ки ба шаҳодати ҳамутоқони Маҳҷубӣ дар зиндон, ӯ “ихтиёран ва бидуни машварат бо табибон чанд доруи худ ва дигар зиндониҳоро фурӯ бурдааст”.

Ҳодӣ Қоимӣ, раҳбари Маркази ҳуқуқи башари Эрон, ки дар Ню-Йорк ҷойгир аст, мақомоти Эронро дар он муттаҳам кард, ки ба Маҳҷубӣ ёрии зарурии тиббӣ нарасониданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.