Дастгоҳи шикастаи қалбсанҷӣ боиси марги қудои вазири беҳдошти Русия шуд

Матбуоти Русия менависанд, ки бо сабаби шикаста будани дастгоҳи  қалбсанҷии як гурӯҳи табибони ёрии таъҷилӣ хеши вазири беҳдошти Русия Михаил Мурашко даргузашт. Дар ин бора  Радио Свобода бо такя ба чанд нашрияи русӣ хабар медиҳад. Ба иттилои матбуот, Наталя Шакироваи 49-сола аз нафаскашии сахт ва дард дар қафаси сина шикоят кардааст. Табибони ёрии таъҷилии даъватшуда дар хонаи ин зан фаҳмиданд, ки дастгоҳи қалбсанҷии онҳо кор намекунад. Як гурӯҳи дигари тиббиро даъват карданд ва он гурӯҳ гуфт, ки Шакирова инфаркт ё ҳамлаи қалбӣ шудааст. Вақте ин занро ба беморхона интиқол доданд, дер шуда буд ва дили ӯ аз кор монда буду зан даргузашт.

Матбуот маълум кардааст, ки Шакирова қудои Мурашко ва  модарарӯси писари вазири беҳдошти Русия будааст.  Бархе матбуот хабар додааст, ки баъди марги ин зан Игор Москаленко, сардори як беморхонаи ёрии таъҷилӣ ва ҳам фелдшерҳое, ки бо дастгоҳи шикастаи кардиограф назди бемор рафтанд, аз кор барканор шуданд.

Дмитрий Беляков, раиси Иттифоқи корманди ёрии таъҷилӣ аз кор барканор шудани кормандони тибро тасдиқ кард ва афзуд, ки дар ҳодисаи рухдода на табибон, балки тамоми система ё низоми беҳдошти кишвар гунаҳгор аст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.