Дасткории “Спутник” дар бораи ҷангу хунрезӣ дар Осиёи марказӣ

  • Манбаъ: “Cпутник”
  • Манобеи молӣ: Будҷаи Русия

Маводи таҳқиқшаванда

Коршиноси ҳарбӣ кишварҳоеро номбар кард, ки шояд дар соли ҷорӣ рӯбарӯи ҷанг қарор гиранд. Ба таъкиди ӯ, сарҳади Тоҷикистону Афғонистон метавонад ба нуқтаи доғтарин табдил ёбад.

MediaMarker

Бахши тоҷикии “Спутник” дар ин матлаб дар такя ба назари  коршиноси ҳарбӣ Алексей Валюжевич иддио кардааст, ки дар соли 2021 “ҷанг дар марзи кишварҳое, чун Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон сурат мегирад”. МедиаМаркер онро мавриди ростиозмоӣ қарор дод.

  • Манбаъи ин матлаби нашрияи “Московский комсомолетс” (МК) нишон дода шудааст, аммо пайванди он ба мақолаи мушаххас на, балки ба саҳфаи аввали ин расона равона шудааст, ки амали шубҳаовар мебошад.
  • Дар “МК” бо дарҷи номи ҳамин коршинос матлаб вуҷуд дорад, ки санаи 8 январ нашр шудааст, аммо дар он хулосаи тахассусии “ҷанг дар марзи кишварҳое, чун Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон сурат мегирад” вуҷуд надорад. Дар он хулосаи “сарҳади Тоҷикистону Афғонистон метавонад ба нуқтаи доғтарин табдил ёбад” низ вуҷуд надорад.
  • Дар пушгӯии коршиноси “МК” дар бораи Тоҷикистон танҳо як ҷумла омадааст: “Иншооти ҳарбии мо дар Тоҷикистон, тақрибан дар сарҳади Афғонистон ҷойгиранд”. Аз Узбакистон ва Туркманистон ҳарфе нест.
  • Аҷиб аст, ки ҳамин гуна матлаб панҷ рӯз пеш дар бахши узбекии “Спутник” низ ба нашр расидааст, аммо ба фарқ аз матлаби бахши тоҷикӣ дар он сухан аз “амалиёти низомӣ ба марзҳои Узбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон хеле наздик мешаванд” меравад.
  • Ҳамин тариқ возеҳ аст, ки “Спутник” бо аҳдофе ба дасткорӣ ё манипулятсия даст задааст. Ин амал бархилофи талаботи банди моддаи 6 Қонуни ҶТ “Оид ба матбуоти даврӣ  ва дигар воситаҳои ахбори омма” мебошад.
  • Дар матлабҳои ҳарду бахши “Спутник” таносуби назарҳо риоя нашудаанд, назари интиқодӣ вуҷуд надорад, ки бархилофи аслҳои рӯзноманигории касбӣ ва қонунгузории соҳавӣ мебошад.
  • Сарлавҳаи мақола “Осиёи Марказиро ҷанг фаро мегирад…” ҳангомаомез буда, намунаи сӯистифода аз озодии баён дар шакли кликбейт низ ҳаст.
  • Дар ин матлаби “Спутник” аломатҳои зерин: возеҳу рӯшан нишон надодани  манбаъ аз ҷониби муҳаррир, пешниҳоди яктарафаи маълумот аз ҷониби идораи расона, вуҷуди субъекти манфиатдор, яъне давлати Русия ва  интихоби иттилооти манфиатнок аз ҷониби идораи расона мушоҳида мешаванд, ки нишонаҳои рушани матлаби пропагандистӣ мебошанд. Пас дасткорӣ ба мақсади пропаганда сурат гирифтааст.
  • Бо ҳамин далелҳо ба ин матлаб маркери “Пропаганда” лоиқ дониста мешавад. Инҷо бояд таъкид кард, ки коштани тарсу ваҳм ва осебпазиру оҷиз будани кишварҳои Осиёи Марказӣ дар баробари даҳшатафканон яке аз самтҳои асосии фаъолияти пропагандистии расонаҳои Русия мебошад.
  • Мавриди зикр аст, ки  оғози таҳқиқи мо матлаби бахши узбакии “Спутник”-ро беш аз 206 ҳазор корбар ва бахши тоҷикии онро 1225 корбар дидаанд, ки нишондиҳандаи вусъати пропаганда дар ин ду муҳити иттилотӣ мебошад.
  • Ёдовар мешавем, ки “Спутник” бахши ожонси “Раша Тудей” ё “ Россия Сегодня”  расонаи ихтисосдодаи давлати Русия мебошад, ки раҳбарии онро таблиғгари маъруф Маргарита Симонян ба уҳда дорад. Расона бо маблағгузории будҷавӣ фаъолият мекунад.

The post Дасткории “Спутник” дар бораи ҷангу хунрезӣ дар Осиёи марказӣ appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.