Дасткории “Спутник”: Иттиҳодияи Аврупо аз доллар даст мекашад

  • Манобеи молӣ: Будҷаи Русия 

Маводи таҳқиқшаванда

Иттиҳодияи Аврупо аз доллар даст мекашад 

MediaMarker

Хабаргузории давлатии Русия дар ин матлаб овардааст, ки кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо аз доллар даст кашида, ба ҷойи доллар вомбаргҳои ягонаи шарикӣ ба фурӯш мабароранд. Ростиозмоии МедиМаркер собит кард, ки:

  • Расона нахустманбаъи ин “хабар”-ро расонаи Financial Times номидааст, вале пайванд ба матлаби ин расонаи бонуфузи ҷаҳонӣ вуҷуд надорад. Ҳол он ки дарҷи тори пайвандӣ шарти истифодаи ҳар маводи Financial Times аз ҷониби дигар ВАО мебошад. Ин амал хилофи аслҳои рӯзноманигорӣ низ ҳаст.
  • Дар Financial Times матлаб бо иддиои даст кашидани Иттиҳоди Аврупо аз доллар мавҷуд нест.
  • Ин расонаи муътабар дар моҳи ахир як матлаб оиди коҳиш додани “бартарияти доллар” баъд аз итмом расидани маъмурияти Доналд Трамп мавҷуд мебошад, ки дар он аз дасткашидан аз доллар сухане нест. Тезиси аслии матлаб эҳтимолияти қабули як ҳуҷҷат ҷиҳати коҳиш додани “бартарияти доллар” аст.
  • Матлаби нахустманбаъ мунсифона аз сиёсати Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати ҳифзи манофеи иқтисодияш бо истифода аз абзори гуногун қисса мекунад, ки баъд аз ҷорӣ кардани таҳримот алайҳи Эрон аз ҷониби ИМА дар соли 2018 рӯ задаанд. Он замон  Олмон, Фаронса ва Бритониё  меконизми INSTEX (Instrument in Support of Trade Exchanges)-ро таҳия кардаанд, ки савдои хориҷӣ бо Эронро дар пайи таҳримоти амрикоӣ барои ширкатҳои урупоӣ осон созад.
  • Воқеъан,  бартарият надодан ба доллари ИМА дар савдои хориҷии дуҷониба дар баъзе кишварҳо ҷой дорад, ки пешсафтарини онҳо Русия ва Чинро мешавад ном бурд.
  • Сарлавҳаи матлаби “Спутник” ҳангомабарангез буда, ба матни мақола мухолифат дорад. Ин амал шеваи сӯъистифода аз озодии баён дар шакли кликбейт низ ҳаст.
  • Ба назар мерасад, ки “Спутник” дар чорчуби сиёсати зиддиурупоӣ ва зиддиамрикоӣ, ки хоси расонаҳои ба Кремлин наздик мебошад, дасткорӣ карда, хостаи ҳукумати кишварашро ҳақиқат вонамуд кардааст.

The post Дасткории “Спутник”: Иттиҳодияи Аврупо аз доллар даст мекашад appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.