Дастури таҷлили 565-солагии Камолиддини Беҳзод дар Узбекистон

Дар Узбекистон моҳи октябри соли ҷорӣ аз 565-солагии рассом Камолиддини Беҳзод дар Узбекистон таҷлил хоҳад шуд. Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 21 апрел дар ин бора фармони вижае имзо кард.

Бино ба фармони мазкур, яке аз кӯчаҳои шаҳри Тошканд ба ифтихори Камолиддини Беҳзод номгузорӣ хоҳад шуд.

Солҳои 2020/2021 барои донишҷӯёне, ки дар бахшҳои ихтироъ ва санъати дизайнерии мактабҳои олӣ таҳсил мекунанд, бурсия ё стипендияи давлатии ба номи Камолиддини Беҳзод таъсис дода хоҳад шуд.

Ҳамзамон дар он кишвар ҳамасола озмуни рассомон таҳти унвони “Пайравони Камолиддини Беҳзод” ташкил мешавад.

Ба илова, сар аз 1 ноябри соли ҷорӣ маоши кормандони дастгоҳи марказии Академияи рассомии Узбекистон 100% боло бурда мешавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.