Даъват аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия: то 15-уми июн аз қайд гузаред

Муовини вазири умури дохилии Русия аз намояндагони кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ хост, ки дар сӯҳбат бо ҳамватанони муҳоҷирони ғайриқонуниашон фаҳмонанд, ки  корро то ихроҷи маҷбурии худ аз хоки Русия нарасонанд. Зимни суханронӣ дар як ҷаласаи анҷумани байнипарлумонии кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ рӯзи 16-уми апрел Александр Горовой гуфт, “бисёр шаҳрвандони шумо дар хоки кишвари ман ғайриқонунӣ ба сар мебаранд. Агар мо мувофиқи қарори президент ин шуморро то 15-уми июн кам накунем, онҳо бо муҷозот, то ихроҷ аз сарҳад рӯбарӯ намешаванд. Мо мехоҳем, ки бо ёрии матбуот шумо дар кишварҳои худ кори фаҳмондадиҳӣ баргузор кунед”.

Вазорати умури дохилии Русия гуфтааст, ки дар хоки ин кишвар 332 ҳазор шаҳрвандони Узбекистон, 247 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, 152 ҳазор шаҳрвандони Украина, 120 ҳазор шаҳрвандони Озарбойҷон, беш аз 115 ҳазор шаҳрвандони Қирғизистон, 61 ҳазор шаҳрвандони Арманистон ва  49 ҳазор шаҳрвандони Қазоқистон ба таври ғайриқонунӣ ба сар мебаранд.

Ин даъват дар ҳолест, ки рӯзи 14-уми апрел Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Тоҷикистон  ба муҳоҷирони ғайриқонунии  Тоҷикистон дар Русия муроҷиат кард. Дар даъвате, ки тавассути саҳифаи Фейсбуки ин ниҳод нашр шуд, аз шаҳрвадон хоста шуд, ки ба шӯъбаҳои ноҳиявии  муҳоҷират дар Русия муроҷиат намуда мақоми худро то таърихи 15-уми июни соли 2021 қонунӣ гардонанд. “Дар сурати огоҳ накардани мақомоти Русия аз мавқеи худ, – омадааст дар муроҷиати вазорат, – ин шахс ба таври автоматӣ ба феҳристи нафароне ворид мешавад, ки ҳузураш дар Русия манъ мебошад”.

Барои  савол ва пурсиш дар ин замина шаҳрвандон метавонанд ба намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Тоҷикистон дар шаҳрҳои зерини Русия муроҷиат кунанд:

1. ш. Маскав: +7(495)9679844, +7(926)4626201, +7(903)5971213, +7(926)8769049, +7(910)4436335, +7(977)4888964, +7(967)2710202;

2. ш. Санкт-Петербург: +7 (964) 373 75 01;

3. ш. Екатеринбург: +7 (982) 739 8998;

4. ш. Новосибирск: +7(965)3586161;

5. ш. Уфа: +7 (915) 4883223;

6. ш. Краснодар: +7(929)540 88 88;

7. ш. Хабаровск: +7 (909)809 5548;

8. ш. Астрахан: +7(977)2720001.

 

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.