Даъват ба артиш бар асоси қонуни нави хидмати низомӣ дар Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон фармони даъвати тирамоҳӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро имзо кардааст. Тибқи фармон дар давоми моҳҳои октябр ва ноябри имсол ҷавонони соли таваллудашон 1994 то 2003 барои хизмат дар артиш сафарбар хоҳанд шуд. Ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва комиссариатҳои ҳарбӣ дастур шудааст даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба сарбозӣ ба роҳ монанд. Даъвати навбатӣ дар шароитест, ки Тоҷикистон аз моҳи январи имсол хидмати алтернативиро ҷорӣ кард. Бино бар он, ҳар сол то даҳ дарсади ҷавонони синни хидмат ба артиш ҷалб шуда, онҳое, ки намехоҳанд, хидмат кунанд, бо пардохти 25 ҳазору 200 сомонӣ  (тахминан $ 2300) ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ хоҳанд шуд. Иддае онро як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд, вале гурӯҳе аз эҳтимоли афзоиши фасод нигаронанд. Намояндагони Вазорати мудофиа исрор меварзанд, ки шаффофияти ин кор таъмин хоҳад шуд.  ​

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.