Даъвати ҷопониҳо барои бекор кардани Олимпиадаи тобистона дар Токио

Мувофиқи хабаргузории оҷонсии Kyodo зиёда аз се ду ҳиссаи ҷопониҳо барои бекор кардан ё ба таъхир андохтани Олимпиадаи тобистонаи Токио овоз доданд.

39,2% посухдиҳандагон мехоҳанд Бозиҳоро комилан бекор кунанд. 32,8% иштироккунандагони пурсиш ба тарафдории боз як бори дигар мавқуф гузоштани Олимпиада овоз доданд. 24,5% ҷопониҳои пурсидашуда ҷонибдори онанд, ки мусобиқот тибқи нақша баргузор шавад.

Ба иллати пандемияи коронавирус Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки бояд дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи соли 2020 баргузор мешуданд, ба муҳлати аз 23-юми июл то 8-уми августи соли 2021 пешбинӣ шудаанд.

Бозиҳо префикси «2020»-ро барои мақсадҳои маркетинг нигоҳ медоранд. 20-уми марти соли 2021 маълум шуд, ки тамошобинони хориҷӣ ба Олимпиада ва Паралимпиада дар пойтахти Ҷопон роҳ дода намешаванд, пули билетҳои қаблан харидашуда баргардонида хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, то ҳоло аз Тоҷикистон ду варзишгар – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев (ҳарду дар риштаи бокс) – ба Олимпиадаи Токио-2020 роҳхат гирифтаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.