Даъвати нави мақомдори тоҷик: мошинро ба дучарха иваз кунед. ВИДЕО

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, аз мардуми кишвар даъват кардааст мошинро камтар истифода намуда ба велосипед гузаранд. Баҳодур Шерализода дар сӯҳбат бо нашрияи расмии «Ҷумҳурият» гуфтааст, бо ин васила аз олуда шудани муҳити атроф ва тағийри иқлим метавон ҷилавгирӣ кард. Мақомдори тоҷик мисол овардааст, ки дар саҳни даромадгоҳи кумитаи таҳти раҳбарии ӯ барои дучарха тавақуффгоҳ бунёд шудааст.

Даъват ба истифодаи дучарха дар Тоҷикистон нав нест. Чандин мақомдори баландпояи дигар ҳам дар гузашта ба хотири сабук кардани роҳҳои шаҳр аз тамбашавӣ ва таблиғи варзишу ҳаёти солим даъват карда буданд, ки ҳам мардум ва ҳам мақомдорон ба дучарха гузаранд. Соли 2009 Бег Сабур, муовини вақти вазири нақлиёт аз кормандони ин вазоратхона даъват карда буд, ки мошинро бо велосипед табдил диҳанд. Аммо ин даъват на аз ҷониби кормандони ин идораи давлатӣ ва на дигар мақомдорон пуштибонӣ наёфт.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.