Даъвати рӯзномагори шинохта Абдураҳими Умариён аз Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон
Ҷаноби вазир Сироҷиддин Муҳриддин, муроҷиати ин ҷавони ҳамватани мо ба роҳбари ҷумҳурии Чеченистон барои дифоъ аз ҳуқуқи як ҳамватани дигарамон, ки аз ҷониби чор нафар ҷинояткор мавриди латтукуби шадид қарор гирифт ва аз шиддати захмҳои корд ҳамакнун дар бемористон дар дами марг аст, аз як тараф ситуданист, аммо аз тарафи дигар боиси шарму хиҷолат барои ҳамаи мо ва аз ҷумла шумо мебошад!
Барои мо аз он назар, ки диламон барои ин ҳамватан ва даҳҳо мазлуми дигар месӯзад, аммо чора надорем. Барои шумо, аз назаре, ки чора доред, аммо ҳаракате, иқдоме ё талоше анҷом намедиҳед.
Ин ҷавон ба танҳои кори як вазоратро бо вазираш, яъне Шуморову сафоратро анҷом дод. Ман навори муроҷиаташро низ дидам. Хеле дарднок аст, мисле, ки агар роҳбарияти кишвари Чеченистон ба қазия расидагӣ накунад, гуё дигар умеде дар миён нест, то ҳақ ба ҳақдор бирасад.
Ҳарчанд ҳукумат ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар хориҷ аз кишварро бар ӯҳдаи шумо вогузор ва бовар карда, бароятон маош, мошини ҳидматӣ ва ҳуҷраи гарму нарм дода аст! Дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ин вазифаи рақами яки вазирони хориҷист ва шумо инро беҳтар аз ман медонед!
Ҳоло ман аз таҷрибаи Русияву Амрико ва Чину Олмон иқтибос намеорам, зеро забонам намегардад, вагарна барои интиқоли як шаҳрванд (ҳамагӣ як нафар) тайёра фиристодани Доналд Трампро низ худатон медонед.
Зоҳиран самараи кори шумо дар чанд соли охир боиси паст бурдани нуфуз ва имиҷи давлат дар миёни муҳоҷирони муқими Русия ва ҳатто хандахариши бегонагон шуда аст. Ин амал дар дохили кишвар шояд чандон назаррас набошад, аммо дар хориҷ ба номуси муҳоҷир нохун чи ки корд мехалад!
Агар аз осмони Русия сад санг болои сари муҳоҷирон резад ҳамааш бар сари тоҷик мезанад, агар як санг ҳам ояд боз ҳам ҷояш болои сари тоҷик аст! Хафа нашавед, ман дӯстона мегӯям!
Ба бахти шури миллат шумо низ мисли дигар вазирони солманд дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол нестед ва монанди ҳамтоёнатон аз дигар кишварҳо дастраси мардум на! Вагарна медидед, ки чи гуна фитна миёни муҳоҷирон, хусусан наврасони ду миллати дӯсту бародар дар ҳоли авҷ гирифтан аст ва нафарони бе ному нишон чи қадар равған болои ин оташ мерезанд…
Боқӣ, тансиҳату хонаобод бошед!