Даъвои беасоси “Ховар” дар бораи раҳоии Тоҷикистон аз бунбасти комунникатсионӣ

  • Манбаъ: “Ховар”
  • Манобеи молӣ: Андозсупоранда

Маводи таҳқиқшаванда

Президент гуфт Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шуд

MediaMarker

АМИТ “Ховар” дар ин матлаб аз қавли президент Эмомалӣ Раҳмон бо дарҷи омори роҳсозӣ ва сифати роҳҳо иддио кардааст, ки Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфтааст.  Ростиозмоии МедиаМаркер собит кард, ки:

  • Манбаъи хабар паёми солонаи Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки пештар дар поёни сол ва чанде боз дар оғози ҳар сол ироа мешавад. Расонаҳо маъмулан дар саросари дунё ба далелу арқоми чунин суханрониҳо аз назари интиқодӣ менигаранд, аммо “Ховар” ин асли рӯзноманигориро нодида гирифтааст.
  • Маълумоти омории дар паём дарҷшуда “тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 млрд сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 км роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд” воқеъият доранд.
  • Иттилоот дар бораи 20 зина боло рафтани мавқеъи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо низ боэътимод ба назар мерасад, ҳарчанд сифати роҳи Душанбе-Хоруғ, ки аз роҳҳои аслии кишвар маҳсуб мешавад, ин раддабандиро низ то ҷое зери шубҳа мебарад.
  • Аммо ин ҳама маълумот дар бораи роҳҳои Тоҷикистон, ки аксарияти кулли онҳо бо қарзи Чин ва маблағгузории созмонҳои байналмиллалӣ ва шарикони рушди кишвар сохта ё ба нақша гирифта шудаанд, моҳиятан омодагиҳо барои берун шудан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошанд, на раҳоӣ аз он.
  • Охирин талоши муваффақи Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати раҳоӣ аз бунбаст кушодани роҳи мошингард бо Чин тавассути Кулма дар соли 2004  буда, дастоварди муҳимматарини дигар рафъи маҳдудиятҳо дар роҳи оҳан аз ҷониби Ӯзбекистон дар пайи сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 мебошад, ки сиёсати муносиботи нек бо ҳама кишварҳои ҳамсояро пеш гирифтааст.
  • Ҳадди аққал дар даҳ соли ахир дар се бахши аслии бунёди иртиботот: роҳҳои нав ба хориҷ, роҳи оҳани нав, хатҳоии нуриву нахии нав  ҳич тарҳи муҳимм амалӣ нашудаасту “Ховар”  ин маълумотро ба хонанда пешниҳод накардааст. Омодагиҳои қабили бунёди қитъаи роҳи “Душанбе- Ваҳдат” ҳастанд, вале тарҳҳои вазъи пешинро тағйирдиҳанда пиёда нашудаанд.

  • Тақдири танҳо роҳи нав “Кулма-Ишкошим- Файзобод- Кобул”, ки Тоҷикистонро натанҳо барои Афғонистон кишвари транзитӣ мекунад, балки ВМКБ-и Тоҷикистонро бо Покистон низ мепайвандаду симои иқтисодии онро куллан тағйир медиҳад,  номаълум боқӣ мондааст.
  • Аз сер тарҳи асосии бунёди роҳҳои оҳан: “Чин- Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон – Эрон” (1),  “Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон” (2) “Русия -Қазоқистон-Қирғизистон-Тоҷикистон” (3), ки баррасӣ мешуданд, дар матлаб чизе гуфта нашудааст.
  • Тарҳи роҳи оҳани “Тоҷикистон-Афғонистон -Туркманистон” замоне тарҳи аслии рахнагари бунбасти иртибототӣ ё коммуникатсионӣ маҳсуб мешуд, ба мушкилоти дипломатӣ дучор омадааст.
    Ду сол боз ҳукумати Туркманистон иҷозат намедиҳад, ки аз ҳудудаш бору коло ба суроғаи Тоҷикистон ҳамлу нақл ёбанд, бинобар ин борҳо нахуст ба Ӯзбакистон равон мешаванду сипас аз ҳудуди Ӯзбакистон тағйири суроға мекунанд, ки хароҷоти иловагӣ дар пай дорад.
  • Гуфтушунид бо ҷониби Афғонистон низ сари нуктаи иттисолии роҳи оҳан ва дигар ҷузъиёти тарҳ баъд аз 7 соли оғоз ҳанӯз ҳам ҳалношуда боқӣ мондаанд. Вобастагии Тоҷикистон аз роҳи оҳани Ӯзбакистон рафъ нашудааст, балки дар ҳамон сатҳи 15-20 соли ахир қарор дорад.

  • Дар бахши бунёди хатҳои нуриву нахӣ аз Чин ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба Афғонистон низ, ки дар доираҳои тиҷоратӣ ҷиддӣ баррасӣ мешуданд, ҳич пешравӣ ба назар намерасаду қиммати дастрасӣ ба Интернет дар кишвар гаронтарин дар минтақа боқӣ мемонад.
  • Фазои Тоҷикистон ва бозори ҳамлу нақли мусофирону коло тариқи ҳарими ҳавоии кишвар низ бо гузашти беш аз 10 сол аз эълони ҳадафи стротежии раҳоӣ ёфтан аз бунбаст барои рақобати озоди ширкатҳои ҳавонавардӣ пӯшида монда, нархи билет аз гаронтаринҳо дар минтақа мебошад.
  • Аммо на дар паёми президенти Тоҷикистон ва на дар матлаби “Ховар” дар ин бора маълумот вуҷуд надорад. Ба назар мерасад, ки дар ин бахш низ ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мисли бунёди НБО «Роғун», ки эҳёи сохтмонаш ҳадди аққал 10 сол дер оғоз шуд, бо сабабҳои норушан ё аз ноуҳдабароӣ таъхир мекунад.
  • Бо назардошти нукоти ироашуда мақолаи мазкур “Матлаби беэътимод” дониста мешавад.

The post Даъвои беасоси “Ховар” дар бораи раҳоии Тоҷикистон аз бунбасти комунникатсионӣ appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.