Даври нави сабтином барои дарёфти Green Card-и Амрико оғоз шуд

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз оғози даври нави пур кардани ариза барои дарёфти Green Card (Грин корт ё корти сабз) хабар дод. Муҳлати номнависӣ аз 7-уми октябр оғоз шуда, 10-уми ноябр ба поён мерасад. Сафорати Амрико мегӯяд, довталабони “Грин корт” бояд рақами шиносномаи хориҷии худ ва муҳлати анҷоми онро бинависанд. Ба таъкиди сафорат, барои ширкат дар лотерея пул ситонида намешавад ва ҳар як иштирокчӣ имкон дорад, суолномаро мустақилона пур кунад. Иёлоти Муттаҳида соле барои 50 ҳазор нафар дар сартосари дунё имкони дарёфти ҳаққи иқомату кор дар ин кишварро тавассути корти сабз фароҳам меорад. Бештари довталабони “Грин корт” аз Тоҷикистон аксаран ҷавонон ҳастанд. Ҳар сол аз ин кишвар ҳудуди 700 нафар лотереяи муҳоҷират ва иқомат дар Амрикоро ба даст меоранд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.