Департаменти давлатӣ ва Туркия афви қотили арманитабори консули туркро маҳкум карданд

Марди арманитабори зиндонии  Калифорния, ки соли 1982 консули генералии Туркия дар Лос-Анҷелесро кушта буд, бар асоси қарори афв ба озодӣ мебарояд, вале ин тасмим маҳкумияти Департаменти давлатии ИМА  ва вазорати хориҷаи Туркияро ба бор овард.

Ҳемпиг “Ҳарри” Сассунян, як муҳоҷири арманитаборе дар ИМА дар куштори соли 1984-и дипломати турк Камол Арикан бо тири туфанге ҳангоме, ки ӯ дар роҳ назди чароғаке дар Лос-Анҷелес истода буд, маҳкум шуда буд. Ин узви созмони ҷангҷӯи арманитабороне, ки манфитаҳои туркҳоро дар саросари ҷаҳон ҳадаф қарор додааст, ба ҳукми зиндони абад бидуни ҳақи бахшидани гуноҳ маҳкум гардида буд. Вале дар як қарори ахири додгоҳ ин ҳукм бозбинӣ шуд.

Бар асоси созиши соли 2002-е, ки бо додгоҳ ҳосил шудааст, Сассуняни ҳоло 58-сола ҳақ дорад, ки бар ивази маҳкум кардани терроризм ва эътирофи гуноҳ ба озодӣ барояд. Талошҳои қаблии ӯ барои бозбинии ҳукмаш ҳама бенатиҷа буданд. Дар вокуниши тунди вазорати хориҷаи Туркия қатли дипломатҳои турк дар солҳои 1970 ва 80-ум аз ҷониби ҷангҷӯёни арманитабор ҳамчун талоши интиқомгирӣ барои ҳодисаҳои Ҷанги якуми ҷаҳон маҳкум шудааст. Дар изҳороти Департаменти давлатии ИМА гуфта шудааст, ки аз дарёфти хабари бахшида шудани гуноҳи ин мард “амиқан ноумед шудааст”.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.