Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард

Департаменти давлатии ИМА дар сафҳаи твитерии Бюрои умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна навишт: “Аз дидани он хушҳолем, ки интихоботи президентии Тоҷикистон дар давраи пандемияи пуразоби ҷаҳонӣ орому осуда ва ботартиб гузашт. Аммо ҳамоно ислоҳоти муҳиме бояд амалӣ карда шавад, ки аз ҷониби саҳа/odihr барои кафолати шароити зарурии интихоботи демократӣ тавсия шудааст.”

Бо эълони пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии 11-уми октябр раҳбарони Русияву Чин ва Белорусу Қазоқистону Узбекистон, Эрон ва давлатҳои араб ӯро табрик карданд. Вле чунин паём аз тарафи раисиҷумҳури Амрико Доналд Трамп нарасидааст.

Иттиҳоди Аврупо бо нашри як баёнияи расмӣ дар бораи интихоботи президентии Тоҷикистон гуфт, ҳукумат бояд талошҳои чашмгире ба харҷ бидиҳад, то интихоботҳояш мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва демокративу холисона сурат бигирад.

Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), як ниҳоди вобаста ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, гуфт, арзёбии ниҳоии коршиносон бо шумули машваратҳо ҷиҳати ислоҳи раванди интихобот тақрибан пас аз 8 ҳафта нашр хоҳанд шуд. Ин коршиносон бештар рӯйи ташкил ва ё мудирияти маъракаи интихобот, сармоягузории маъракаи таблиғотӣ ва шеваи бозтоби интихобот дар расонаҳо тамаркуз хоҳанд кард.

Дар ин интихобот панҷ номзад ширкат варзиданд ва эълон шуд, ки дар муқобили номзадҳо начандон номдор ба Эмомалӣ Раҳмон 90,92 дарсад ( 3 миллиону 837 ҳазор) нафар раъй додаанд.

Ин панҷумин интихоботи президентӣ аз замони касби истиқлол дар Тоҷикистон аст. Ҳеҷ яке аз интихоботҳои Тоҷикистонро созмонҳои нозир, аз ҷумла Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), бидуни тақаллуб, шафоф ва мутобиқ ба меъёрҳои демократӣ эътироф накардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 дар қудрат аст. Ӯ аз ду соли аввал раиси Шӯрои олии Тоҷикистон буд ва аз соли 1994 то ҳоло раиси ҷумҳурӣ аст. Раҳмонро барои саркӯби дигарандешону иқтисоди заиф ва маҳдудиятҳои озодии баёну виҷдон танқид мекунанд, вале ҷонибдоронаш ӯро барои хатми ҷанги дохилӣ ва сохтмони роҳҳову нирӯгоҳҳои бузург ситоиш мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.