Der Spiegel: Вазъи Навалний беҳтар мешавад

Маҷаллаи олмонии “Der Spiegel” гузориш дод, ки вазъи саломатии раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний дар беморхона беҳтар шудааст ва ӯ дар мубориза бо паёмадҳои заҳри навъи “Новичок” пешрафт мекунад. Вале як сухангӯи Навалний ин изҳоротро зери шубҳа бурд. Мунаққиди Кремлин дар беморхонаи “Шарите”-и Берлин таҳти муолиҷа қарор дорад. Ӯро рӯзи 22-юи август бо нишонаҳои заҳролудшавӣ бистарӣ карданд ва ахиран табибон гуфтанд, ки Навалний ба ҳуш омадааст. Олмон аз Русия талаб кард, ки ҳолати бо Навалний рухдодаро шарҳ диҳад, вале Русия ин ҳамаро рад мекунад. Маҷаллаи маъруфи Der Spiegel навишт, “Навалний ба гап задан шурӯъ кард ва ҷузъиёти ҳодисаеро, ки бо ӯ рух дод, ба хотир меорад”. Маҷалла инчунин навиштааст, ки амнияти Навалний тақвият дода шудааст, чунки ҳарос аз он ки ба наздаш нафарони зиёд омадурафт мекунанд, ба миён омадааст. Вале сухангӯи Навалний Кира Ярмиш ин гузоришҳоро рад кард.

 

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.