Диле, ки барои тоҷик ва Тоҷикистон метапад. Ба ифтихори 75 солагии Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Фанои миллат рӯзе фаро мерсад, ки фарзонагонаш хор гарданд ва аблаҳонаш гули сари сабад бошанд.

Дар ҷодаҳои Душанбе, хиёбонҳои олами маҷозӣ сайре бинамоӣ ва бипурсӣ, ки чанд шахсияти номдори Тоҷикистонро номбар бинамо, номҳоеро ба забон хоҳанд овард, ки пашиза ё як ҷаваки сармозада арзиш надоранд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров – Лоиқ дар иқтисодиёт, Беҳзод – дар мусаввирӣ, Ораш – дар мубориза ва Аҳмади Дониши танҳо дар Бухорост.
Дар сарзамине дигар ӯ метавонист роҳбари ҳизб, сарвари донишгоҳ, сарвазир ё раиси ҷумҳур бошад.
Дар сарзамини мо як олим аст. “Олим” баробари мудири як дӯкон, як наркобарон, як мансабдор мақому манзалат надорад.

Ду нафареро, мешиносам, ки ҳар гоҳ вохӯрӣ, баъди дидор гӯё бар сарат борон меборад ва тамоми гарду ғаждиҳоро мешӯяд.

Он яке Валӣ Самад – адабиётшинос, ки баъди саломуалейк ҳамеша, ҳамеша, ҳамеша аз дарди миллат мегуфт. Кадом олиме Абӯалӣ Сино ё Низоми Ганҷавироаз миллати дигар навиштааст, тоҷикро аҷнабие наҳ задааст, рӯзномае таърихро таҳриф кардааст, одами покеро сиёҳ кардаанд.
Ӯ мегуфту меларзид.

Ларзаҳои ӯ туро ҳам меларзонид.

Дигаре – профессор, доктори илмҳои иқтисодӣ -Ҳоҷимуҳаммад Умаров. Дар меҳмонӣ, дар тӯйхона, дар роҳ, дар чойхона – ҳар ҷое бо ӯ вохӯрӣ, аз иқтисодиёт, аз дасисаҳои Бонки ҷаҳонӣ, аз бесаводии вазирон, барномаҳои норасои ҳукуматдорон ва лоиҳаҳо барои боло бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҳарф мезанад.

«Камбизоатӣ бояд тамоман набошад. Меъёр 0 фоиз аст.Камбизоатӣ ин як шармандагист. Шумо як маротиба ба рустоҳои атрофи Душанбе равед, мебинед, ки онҳо чӣ мехӯранд, чӣ мепӯшанд, дар куҷо кор мекунанд, ё кор намекунанд, барои чӣ кор намекунанд, таркиби истеъмоли онҳо чӣ гуна аст, он гоҳ худ қазоват хоҳед кард. Инчунин, ба деҳаҳои дурдасти кишвар ҳам равед, шоҳид мешавед, ки мардум чӣ тарз умр мегузаронанд. Дар Тоҷикистон то ҳол оилаҳое ҳастанд, ки гӯштро дар зиёфату тӯйҳо мебинанд. Дар хонаашон гӯшт намехӯранд, зеро даромади хеле паст мегиранд».

***

Диле, ки барои тоҷик ва Тоҷикистон метапад.
Ҳафтоду панҷ сол боз.
Ифтихор менамоям, ки ин марди соҳибдил ва соҳибкамол дар сафи беҳтаринҳои Тоҷикистон – Аслиддин Соҳибназаров, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Акбари Турсон, Давлат Худоназаров, Зафар Нозим, Отахон Латифӣ, Маҳмадалӣ Саидов ва дигарон узви девони “Чароғи рӯз” буд.
Афсӯс мехурам, ки ҳоло мо ҳамвазну ҳамсанги ин ҳама нухбагон, ки ҳар яке дар ҳудуду майдони худ пештоз ва мумтоз буданд, надорем.
Бовар накунед, аз профессор Умаров бипурсед ва якбора аз номи ман бо зодрӯзашон табрик бигӯед.
… Ба акси доктор Умаров менигарам ва Тоҷикистони ибтидои истиқлолро ба ёд меоварам.
Чӣ шахсиятҳое боазамат ва боҳашамат доштем.
Чӣ иддаҳое (идея) дар маҷлису маҳфилҳо мечархиданд?!
Чӣ далероне майдондорӣ мекарданд?!
Бузургтарин бӯҳрон, ба назари ман, дар кишвари мо бӯҳрони шахсиятҳост. Ибтидою интиҳои мушкилоти мо ҳамин аст.
Кӯчакем…
Дар эҷоду офариниш.
Дар набарди Ҳақ бо Ноҳақ.
Дар ишқ.
Дар сиёсат.
Дар дӯстӣ.
Кай ба воя мерасем?
То ба воя мерасем, суруди мо як нақарот хоҳад дошт:

Вой – вой!!!

Додоҷон Атовулло 

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.