Дилшод Назаров: «Аз ман ҳарос доранд»

Муроҷиати қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров ба ҳамватанон дар робита ба маҳрум шуданашаз ширкат дар Бозиҳои олимпии Токио

Дӯстони азиз, ҳамватанони гиромӣ!

Чуноне шумо огоҳӣ доред, ман дар тӯли 1,5 соли охир барои барқарор кардани шарафи номи худ мубориза бурдам. Мутаассифона, тамоми кӯшишҳои маънавию ҷисмонӣ ва молиявии ман бенатиҷа буданд, зеро ҳамаи далелҳои барои исботи бегуноҳиям, ки аз ҷониби адвокати аврупоии кирояшудаи ман пешниҳод гардиданд, пешакӣ аз ҷониби айбдоркунандагон ба тӯҳмат эътимоднок карда шуданд. Ман дар майдони муборизаи ҳалоли варзишӣ барои онҳо як рақиби пурқуввату тавоное будам, ки ба таври дуруст ва аз рӯи меъёрҳои варзишӣ бо ман рақобат кардан барояшон мушкил буд ва онҳо аз роҳи ҳалоли рақобат даст кашида, тасмим гирифтанд, ки маро ба майдони ҷангашон кашанд. Бо онҳо дар майдони худашон мубориза бурдан бошад,  ба мисли бо “осиёи бодӣ” ҷанг кардан аст, ки анҷомаш нокомӣ мебошад.

Ман намефаҳмидам, ки чаро вақте ки ман ва тими ман ҳар вақте ки ба пирӯзӣ наздик мешудем, санаи муҳокимаҳо мавқуф гузошта мешуд ва баъдан гаштаю баргашта ин саҳна такорор меёфт. Ҳеҷ намефаҳмидем, ки чаро ба номаҳои мо моҳҳо посухе намерасад?

Ахиран ман қарор кардам, ки ба ин бозиҳо хотима гузорам, аммо баъд аз 2 рӯз бароям номае расид, ки ман то 24 сентябри соли 2021 аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум шудам.

Баъдан, муҳлатро ҳисоб карда, фаҳмидам, ки ки ҳузури ман дар Олимпиадаи Токио барояшон мувофиқ нест. Бино бар ин, то 24-уми сентябри соли 2021 аз ҳаққи иштирок дар бозиҳо маҳрум карданд. Онҳо ин ҳақро аз ман гирифтанд, аммо ман мисли пешина қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио ҳастам ва медали тилло дар хазинаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст.

Ман ба Пешвои муаззами миллат, Президенти мӯҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори Душанбе, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ ва тими ӯ барои дастгирӣ ва кӯмакҳои расонидашудаашон, инчунин  ба ҳамаи онҳое, ки дар ин давраи тӯлонӣ аз ин қазия изҳори нигаронӣ карданд,  миннатдории самимонаи худро баён менамоям.

Бо эҳтиром, Қаҳрамони олимпӣ

Дилшод Назаров

Сообщение Дилшод Назаров: «Аз ман ҳарос доранд» появились сначала на Фараж.

Манбаъ: Faraj.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.