Дипломатҳои ИА дар Москва мумкин аст, ваксинаи русӣ бигиранд

Иттиҳоди Аврупо ба дипломатҳояш дар Москва иҷозат медиҳад, ки агар бихоҳанд, метавонанд воксини “Спутник V”-и зидди коронавирусро истифода кунанд.

Ҳарчанд ин ваксинаи русӣ ҳанӯз аз сӯи мақомоти танзимгари соҳаи тибби Иттиҳоди Аврупо тасдиқ нашудааст. Дар ин бора дар номаи дохилии ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Москва зикр шудааст.

Дар нома омадааст, ки мақомоти Русия омодаанд, кормандони корпурси дипломатиро ваксина зананд.

Брюссел ҳоло барои гирифтани ваксинаҳои маҳаллии зидди коронавирус тавсия надодааст. Манобеъ ба расонаҳо гуфтаанд, ки мақомоти расмии Русия дар ҳар мавриди муносиб ба дипломатҳои аврупоӣ қатъиян пешниҳод мекунанд, ки ваксини русӣ бигиранд.

Дар Аврупо айни замон ҳамагӣ се воксин сабт шудааст: Pfizer/BioNTech, Moderna ва AstraZeneca. Жосеп Боррел, сардори бахши сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар остонаи сафараш ба Москва гуфт, дар сурате, ки агар мутахассисон таъсирнокии ваксинаи русиро тасдиқ кунанд, он метавонад, барои истифода дар ҳудуди Иттиҳоди Аврупо иҷоза дода шавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.