Дипломати амрикоӣ ба нишони эътироз аз бӯҳрони муҳоҷират истеъфо дод

Фиристодаи ИМА барои Ҳаитӣ ба нишони эътироз аз ихроҷи ҳазорҳо паноҳҷӯи ин кишвар дар Амрико истеъфо дод. Давоми чанд рӯзи гузашта шаҳрвандони ин кишвари соҳилҳои Карриб дар Техаси Амрико ҷамъ шуда, бархе дархости паноҳандагӣ дар ИМА кардаанд. Даниэл Фут, дипломати собиқадор вазъи Ҳаитиро бо истилоҳи як “давлати суқуткарда” тасвир карда гуфт, ки ин кишвар ҳоло наметавонад ба мушкилоти муҳоҷирони баргашта расидагӣ кунад. Дар номае, ки Фут ба унвонии Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен рӯзи 23-юми сентябр навишт, гуфт, “Ман бо қарори ғайриинсонӣ ва носозгори  ИМА оид ба ихроҷи ҳазорҳо паноҳҷӯёну муҳоҷирони ғайриқонунии ҳаитӣ ҳеҷ умумияте доштан намехоҳам”.

Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатӣ интиқодҳои Футро рад карда гуфт, ки ин дипломат шароити истеъфояшро ба шакли дигар шарҳ додааст. Ӯ гуфт: “Ӯ натавонист бо имкониятҳои васее, ки дошт, дар замони ишғоли вазифааш натавонист дар заминаи паноҳҷӯён изҳори нигаронӣ кунад ва ба ҷои ин қарор кард, ки ба истеъфо равад”.

Ҳаити дар ғарби сайёра кишвари фақиртарин ба ҳисоб меравад. Моҳи июл президенти ин кишвар кушта шуд ва моҳи август зилзилаи пурқурбоние рух дод.

Баъди ин ҳодисаҳо тахминан 150 ҳазор нафар аз ин кишвар ба хоки ИМА гузашта, зери пули калони Дел Риои Техас хайма заданд. Баъди он ки ба матбуот ва шабакаҳо саҳнаҳои бархӯрди шадиди марзбонони аспсавор бо паноҳҷӯён роҳ ёфт, бӯҳрон пуршиддат шуд. Вазорати амнияти дохилии ИМА гуфт, ки Амрико 1400 паноҳҷӯро ба кишварашон баргардонид ва беш аз 3200 нафари дигарро аз хаймаҳо берун кард.

Раиси Оҷонсии СММ оид ба паноҳандагон аз ихроҷи дастаҷамъии паноҳҷӯёни ҳаитӣ изҳори нигаронии амиқ кард  ва гуфт, ки ихроҷи онҳо бидуни санҷиши ҳолату вазъияташон “дар ихтилоф бо қонунҳои байналмилалӣ” аст.  

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.