Дипломати амрикоӣ гуфт, ИМА Афғонистонро бо шеваи “қавӣ ва ҷиддӣ” пуштибонӣ мекунад

Як дипломати калони амрикоӣ дар Кобул гуфт, ки баъди тарки кишвари ҷангзадани Афғонистон кардани нирӯҳо ҳам ИМА ироаи кӯмакҳои “қавӣ ва ҷиддӣ” ба ин кишварро идома медиҳад. Росс Уилсон,  кордори сафорати ИМА дар Кобул рӯзи 14 июн дар як сӯҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки  “меҳвари сиёсати ИМА дар Афғонистон” ин аст, ки ИМА тамоми кори имконбахшро ба хотири беҳбуди вазъи ҳукумати аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҳимоятшудаи Афғонистон равона кунад. Уилсон гуфт, ин ба он маъност, ки “аз роҳи қавӣ ва ҷиддӣ” ироаи кӯмакҳои амниятӣ ва ҳам “ёриҳои иқтисодию башарӣ” идома меёбад. Дар ҳоле, ки дар Афғонистон аз 1-уми май хуруҷи нирӯҳои байналмилалӣ ҷараён дорад, Толибон чанд ноҳияи  стратегӣ дар наздикиҳои Кобулро ишғол карданд. Ин гурӯҳи шӯришӣ инчунин  маконҳои низомии ҳукумати Афғонистон ва ҳам чандин минтақаву шаҳрҳоро дар саросари кишвар забт кардааст. Ин ҳама таҳаввулот нигарониҳое ба вуҷуд овардааст, ки эҳтимолан Толибон дар ниҳоят ҳукумати аз ҷониби Ғарб ҳимоятшавандаи Афғонистонро сарнагун мекунад. ИМА ваъда додааст, ки маблағгузории артиши 237 ҳазорнафарии Афғонистон ва полиси милллии ин кишварро идома медиҳад.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.