ДМТ: Ба 8 нафар донишҷӯёни хориҷӣ бинобар баста шудани роҳҳо дар хобгоҳи аспирантон ҷой дода шуд

ДУШАНБЕ, 15.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  ба  8 нафар  донишҷӯи хориҷӣ, ки дар факултетҳои донишгоҳ таҳсил намуда,  дар давраи авҷи бемории коронавирус, бинобар баста шудани роҳҳо  имкони рафтан ба кишвари худро надоштанд,  дар хобгоҳи аспирантон барои истиқомат ҷой дод. Ҳамчунин онҳоро аз пардохти маблағ барои истиқомат озод намуда, аз аҳволи онҳо пайваста бохабар мешаванд.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушбахтзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Зикр шуд, ки авҷи  хурӯҷи бемории коронавирус  ба  давраи таътили наврӯзӣ, ки як ҳафтаро ташкил медод, рост омад. Дар ин давра як қисми донишҷӯёни хориҷӣ ба кишвари худ рафта буданд ва бинобар баста шудани сарҳадҳо  баргашта натавонистаанд. Раёсати донишгоҳ  умедвор аст, ки баъд аз паси сар намудани ин  вазъият  ба онҳо шароит фароҳам меорад, ки қарзҳои академии худро супоранд. Инчунин донишҷӯёне, ки то ин давра дар шаҳри Душанбе қарор доштанд, бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷӣ ва Ҳукумати мамлакат  ба давлатҳои худ баргаштанд.

Дар нишаст зикр гардид, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯз бо 286 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмии таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дорад. Дар доираи созишномаҳои мазкур ба муассисаҳои олии касбии Беларус  факултети муштараки ДМТ ва муассисаи таҳсилоти олии касбии Беларус фаъолият менамояд, ки аз рӯи 11 ихтисос барои пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ мутахассисони  зарурӣ омода менамояд.   Қобилҷон Хушвақтзода ҳамчунин зикр кард, ки  соли равон 17 нафар донишҷӯй   факултети муштарак бо муваффақият донишгоҳҳои Беларусро хатм намуданд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.