Додгоҳҳои Тоҷикистон соли 2020 як ҳолати шиканҷаро ба баррасӣ гирифтанд

Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди олии Тоҷикистон гуфт, соли 2020 дар додгоҳҳои кишвар 2 ҳукми сафедкунанда ва 1 парвандаи мабут ба шиканҷа баррасӣ шудааст. Шоҳиён, ки рӯзи 8-уми феврал ба саволҳои журналистон оид ба натиҷаҳои кори Додгоҳи олӣ дар соли 2020 посух медод, гуфт:

“Дар соли 2020 сифати тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ хубтару беҳтар гардидааст. Дар соли сипаришуда ҳамагӣ ду ҳукми сафедкунанда аз ҷониби судҳо қабул шудааст”.

Дар масъалаи шиканҷа як намояндаи расмии  додгоҳи олӣ посух дод ва гуфт, “як парванда нисбати се нафар доштем. Ба тафтиши иловагӣ баргардонида шуд”.  Шоҳиён гуфт, ин қазия бояд то охир назорат карда шавад, вале шарҳ надод, ки ин чӣ парвандаҳо буда, марбут ба кадом қазияҳо мебошанд.

Ночиз будани омори ҷалби омилон барои шиканҷа  шарт нест, ки гувоҳи вуҷуд надоштани ин ҳолатҳо дар сохторҳои ҳифзи қонун бошад.  

Мавзӯи ҷалби омилони шиканҷа ба ҷавобгарӣ ва ҳам дар сатҳи поин будани ҳукмҳои сафедкунанда дар додгоҳҳои Тоҷикистон яке аз масоили мавриди нигаронии ҳомиёни ҳуқуқ мебошад. Ба қавли фаъолон, барои шиканҷаву озори боздоштшудаҳо ба ҷавобгарӣ кашида шудани кормандони ҳифзи қонун ваё бекор кардани шудани хулосаҳои муфаттишон дар додгоҳ  кам андар кам рух медиҳад, чунки  бо сабаби номустақилии додгоҳҳо  ин сохторҳо манфиатдор нестанд, ки ҳамкорони худ аз сохторҳои қудратиро муҷозот кунанд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.