Додгоҳ ба ду ниҳоди амниятӣ амр дод, ба ду тифл дар Ашт ҷуброн бипардозанд

Додгоҳе дар шаҳри Душанбе ба ду ниҳоди амниятии Тоҷикистон амр дод, ба фарзандони як ҷавоне, ки баъди шиканҷаву бадрафтории кормандони ҳарду ниҳод худкушӣ кард, ҷуброн бипардозад. 

Бар асоси қарори Додгоҳи низомии Душанбе, ки рӯзи 16-уми март содир шудааст, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ бояд ба фарзандони Камол Хоҷаназаров, сокини 31-солаи ноҳияи Ашт 5 ҳазор сомонӣ (500 доллар) ҷуброн бипардозад, зеро собит шуд, ки маҳз бо гуноҳи ин ду ниҳоди давлатӣ ду фарзанди ӯ аз саробони асосиашон маҳрум шудаанд.

Гулмира Ҳотамова ҳамсари Камол Хоҷаназаров рӯзи 12-уми декабри cоли гузашта, раёсатҳои ин ду ниҳоди муҳим дар вилояти Суғдро ба додгоҳ кашид ва аз онҳо талаб кард, барои таъмини ду кӯдаки хурдсоли нимаятимаш 280 ҳазор сомонӣ ҷуброн бипардозанд.

Эътилофи мубориза ба зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки аз ҳаққи Гулмира Ҳотамова ҳимоят мекард, бо нашри як баёния гуфт, ҷуброне, ки додгоҳ таъин кардааст, бисёр кам ва “ба зиёне, ки ба ҷабрдида расонидаанд, мутаносиб нест.”

Комил Хоҷаназаровро кормандони Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд тобистони соли 2017 дастгир ва баъд аз чанд рӯз озод карданд. Баъди раҳоӣ аз боздошт, Комил Хоҷаназаров дар як сабти садоӣ нақл кардааст, ки муфаттишон ҳангоми бозпурсӣ ӯро азобу шиканҷа додаанд. Комил Хоҷаназаров, ки баъд аз чанд муддати раҳоӣ худро кушт, дар навор гуфтааст, ки муфаттишон ҳатто таҳдид карданд, ки ӯро таҷовуз мекунанд.

Хабар такмил мешавад, аз ин рӯ бозгашт ба саҳифаи Радиои Озодиро фаромӯш накунед.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.