Додгоҳ баррасии даъвои Матраимовҳо зидди расонаҳоро қатъ кард

Додгоҳе дар Қирғизистон баррасии парвандаеро, ки бо даъвои Матраимовҳо нисбати рӯзноманигор Алӣ Токтакунов, бахши қирғизии “Радиои Озодӣ” ва сомонавҳои Kloop.kg ва ИА 24.kg боз шуда буд, қатъ кард.

Ин қарорро додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкеки он кишвар рӯзи 27 апрел қабул кард. “Метавон гуфт, ки парванда пӯшида шуд. Дар оянда дар робита ба ин масъала ба додгоҳ наметавон муроҷиат кард”, – гуфт Акмат Алагушев, вакили дифои расонаҳо.

Пештар аз ин хабар расида буд, ки вакилони мудофеи муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Раимбек Матраимов ба додгоҳи ноҳияи Свердлов нома навишта, шикоят нисбати расонаҳоро бозхонд кардаанд.

Номи Раимбек Матраимов борҳо дар силсилатаҳқиқотҳои рӯзноманигорӣ дар бораи низоми фасодолуд дар мақомоти гумруки Қирғиистон зикр гардидааст, ки дар бахши қирғизии “Радиои Озодӣ”, сомонаи “Клооп” ва Маркази пажуҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) нашр шуд.

Дар робита ба нашри таҳқиқотҳо Раимбек Матраимова ва бародари вай, вакили порлумони Қирғизистон Искандар Матраимов, аъзои хонаводаи онҳо, инчунин Бунёди ба номи Исмоил Матраимов “барои ҳифзи обрӯ ва эътибори корӣ” ба додгоҳ шикоят бурда, 60 миллион сом (тақрибан 10 миллион сомонӣ) ҷуброни зарари маънавӣ талаб карданд.

Баъди ҳаводиси моҳи октябри соли 2020 Раимбек Матраимовро бо гумони содир кардани ҷиноят ду маротиба боздошт карданд. Моҳи октябри соли 2020 ӯро дар доираи парвандаи низоми фасодолуд дар мақомоти гумрук боздошт карданд. Вай бо пардохти зарари расонида ба давлат дар ҳаҷми 2 млн сом ва ҷаримаи барои фасодкорӣ дар ҳаҷми 260 ҳазор сом аз боздошт раҳо шуд.

КДАМ Қирғизистон Матраимовро бори дигар 18 феврал боздошт кард. Ин бор вай дар пулшӯӣ гумонбар мешуд. 15 апрел мақомоти КДАМ-и Қирғизистон гуфтанд, парванда нисбати Матраимов бекор ва вай аз боздошт раҳо шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.