Додгоҳ дастур дод, вазъи сиҳатии президенти пешини Қирғизистон озмоиш шавад

Додгоҳе дар Қирғизистон дастур дод, ки вазъи сиҳатии Алмосбек Отамбоев, президенти пешин ва зиндонии он кишвар ташхиси судиву тиббӣ шавад.

Дар ин бора Кундуз Жолдубоева, яке аз ҳамсафони Отамбоев хабар дод. Ба гуфтаи Жолдубоева, муҳокимаи додгоҳии Отамбоев дар доираи парвандаи маъруф ба ҳодисаҳои Кой-Тош то анҷоми ташхис манъ шудааст.

Отамбоев аз соли 2011 то 2017 президенти Қирғизистон буд. Баъди анҷоми муҳлати президентӣ ӯро дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин айбдор карданд. Отамбоев гуфта буд, айбҳои нисбати вай эъломшуда ангезаи сиёсӣ доранд.

Рӯзҳои 7-8 августи соли 2019 дар деҳаи Кой-Тоши ноҳияи Аламудини Қирғизистон “амалиёти иҷборан ба бозпурсӣ овардани президенти пешин Алмосбек Отамбоев” сурат гирифт. Бо қарори додгоҳ, вай ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Додситонии кулли Қирғизистон Отамбоевро дар чандин ҷинояти сангин, аз ҷумла дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош, ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев, фасодкорӣ ва ғайра айбдор кард. Ба гуфтаи вакилони мудофеъ, дар маҷмуъ нисбати Отамбоев 14 айб эълом шудааст. Баъди боздошти Отамбоев чанде аз тарафдорони ӯро ҳам дастгир карданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.