Додгоҳ маҳрум кардани варзишгарони рус аз Бозиҳои олимпӣ ва Ҷоми ҷаҳониро таъйид кард
Додгоҳи ҳалли ихтилофҳои варзишӣ рӯзи панҷшанбеи 17-уми декабр ҳукми маҳрум кардани варзишгарони Русияро зери парчами ин кишвар дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ бинобар допинги густурда ва созмонёфта таъйид кард, вале давраи маҳрумиятро аз 4 сол ба 2 сол коҳиш дод.
Манбаъ: ozodi.org