Додгоҳе дар Русия фаъолияти созмонҳои марбут ба Навалнийро қатъ кард

Додгоҳе дар Русия бо қарори додситонҳо розӣ шуд ва тамоми фаъолиятҳои созмонҳои марбут ба сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалний ва аъзои тимашро дар Бунёди зидди коррупсия (ФБК) боздошт.  Иван Жданов, раиси ин созмон дар як изҳороташ тавассути Твиттер рӯзи 26-уми апрел гуфт, ки “фаъолиятҳои Навалний ва қароргоҳи ФБК билофосила боздошта шуданд. Онҳо бо ин қарори худ нидо мекунанд, ки “мо аз фаъолияти шумо ҳарос дорем, мо аз раҳпаймоиҳои шумо тарс дорем, мо аз овоздиҳии боҳуш дар интихоботҳо метарсем”.

Дар изҳороти Жданов инчунин хулосаҳои хаттии додситонҳо ҳам илова шудааст. Додситонии Маскав дар ин хулосаҳояш навиштааст, ки ФБК ва ду созмони дигари марбут ба Навалний, аз ҷумла, Бунёди ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандон ва дафтарҳои минтақавии Навалний “тундгаро” буда, “ба фаъолиятҳое даст мезанад, ки ба бесубот кардани вазъи иҷтимоӣ” равона шудааст.

Ин амали додситонҳо аз ҷониби созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсони маҳалливу байналмилалӣ маҳкум шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, ки “тундгаро” номида  шудани созмонҳои Навалний ба кормандонаш бо 6 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.