Додгоҳи Қазоқистон хост, фаъоли маданӣ Бокаев таҳти назорат монад

Додгоҳи баррасии шикоятҳои вилояти Атирауи Қазоқистон дархости бекор кардани назорати маъмурии фаъоли маданӣ Макс Бокаевро дубора рад кард.

Додгоҳи шаҳри Атирау бо дархости Департаменти иҷрои ҷазои вилояти Атирау қарор карда буд, ки Макс Бокаев баъди озод шуданаш аз зиндон се сол зери назорати маъмурӣ гирифта шавад.

Вале вакли дифои фаъоли маданӣ Жанар Сундеткалиева дар мурофиа гуфт, пулис ҳеч далеле пешниҳод накард, ки исбот кунад, фаъолиятҳои Бокаев ба амнияти миллӣ хатар дошта бошанд. Бинобар ин, ӯ ҳукми додгоҳро “ғайриқонунӣ” номид.

Худи Бокаев низ бо ҷонибдорӣ аз гуфтаҳои вакили дифоаш афзуд, ки “ба амнияти миллии Қазоқистон маҳдуд кардани озодӣ ва назари мардум хатар дорад”.

Додситони вилояти Атирау Серик Адилулӣ ҳукми додгоҳро қонунӣ ва асоснок номида, аз додгоҳи баррасии шикоятҳо хост, онро тағйир надиҳад.

Макс Бокаеви 46-сола бо айби барангехтани ихтилофи иҷтимоӣ, нақзи қонуни баргузории тазоҳурот ва паҳни иттилои дурӯғ моҳи ноябри соли 2016 панҷ сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Маҳкумшуда ин айбҳоро рад мекунад ва ҳомиёни ҳуқуқу ҷонибдоронаш парвандаи вайро сиёсӣ меноманд. Ӯ 4 феврали соли равон, баъди ба поён расидани муҳлати ҷазояш озод шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.