Додгоҳи Қазоқистон хост, филми “фасодкории муовини раиси ҳизби ҳоким” пок шавад

Додгоҳе дар шаҳри Алмато даъвои ҳимоят аз шаъну шараф ва эътибори кории муовини аввали раиси Ҳизби ҳокими “Нур Отан” Баурҷон Байбек алайҳи фаъоли маданӣ Ҷонболат Мамай ва ҳамсараш Инга Имонбойро қонеъ кард.

Дар қарори додгоҳ омадааст, филми фаъоли маданӣ, ки дар он Байбек ба фасодкорӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон айбдор мешавад, воқеият надорад ва шаъну шарафи ӯро паст хоҳад зад. Додгоҳ Мамайро вазифадор кардааст, ки филмро пок кунад.

Ҳамсари фаъоли маданӣ Инга Имонбой гуфт, аз қарори додгоҳ розӣ нестанд ва ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳанд бурд. Додгоҳ ҳамчунин матолиби Имонбой дар бораи фасодкории Байбекро беасос хондааст. Ҳамсари фаъоли маданӣ ба нашри раддия муваззаф шудааст.

Ҳамакнун Мамай ва ҳамсараш бояд 438 201- тангаӣ ($1025) харҷи додгоҳӣ ва наздики 75 000 танга ($175) ҳаққи ташхиси равоншиносӣ-забониро супоранд.

Мамай моҳи апрели соли равон дар саҳифаи худ дар “Ютуб” видеоеро нашр ва Баурҷон Байбекро ба фасодкорӣ айбдор карда буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.