Додгоҳи Қирғизистон Матраимовро ҳабси хонагӣ кард

Додгоҳи шаҳри Ӯши Қирғизистон ҳукми ҳабси пешакии Тилек Матраимов, яке аз бародарони Раим Матраимов, муовини пешини раиси Хадамоти гумруки ин кишварро, ки ахиран ҳангоми убури ғайриқонунии марзи Узбекистон боздошт шуда буд, ба ҳабси хонагӣ табдил дод.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон зидди Матраимов бо банди “Ғайриқонунӣ гузаштани марзи давлатӣ” парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишот идома дорад. Додгоҳи шаҳрии Ӯш ӯро то 9 ноябри соли равон ба ҳабси пешакӣ гирифта буд.

Марзбонони Узбекистон 6 октябр хабар доданд, ки Тилек Матраимов (1967), Зиёбиддинбек Қочқорбоев (1989) ва Махсуд Ахмедов (1979)-ро ҳангоми вуруди ғайриқонунӣ ба он кишвар боздошт кардаанд. Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон 9 октябр гуфт, марзбонони узбек Тилек Матраимовро бо писар, бародарзода ва муҳофизи шахсиаш ба ин ниҳод супурдаанд.

Тилек Матраимов ҳашт сол раиси ноҳияи Қара-Сууи вилояти Уши Қирғизистон буд. Вай пеш аз интихоботи порлумонии 4 октябр истеъфояшро эълом кард. Тилек Матраимов бародари Раимбек Матраимов, муовини раиси пешини хадамоти гумруки Қирғизистон аст.

Ба навиштаи расонаҳо, хонаводаи Матраимовҳо дар чанд соли охир зиёда аз 700 миллион долларро “ғайриқонунӣ” аз Қирғизистон ба хориҷ бурдааст. Ин хонавода дар интихоботи порлумонӣ аз ҳизби “Мекеним Қирғизистон” ҳимоят мекард. Ҳизби мазкур бо соҳиб шудани бештар аз 20 дарсади раъйи мардум мебоист, вориди порлумон шавад.

Баъди эъломи натиҷаҳои интихобот дар рӯзи 5 октябр дар Қирғизистон эътирози ҳизбҳои сиёсӣ шуруъ шуд. Эътирозгарон бинои порлумон ва дафтари раисҷумҳурро “ғасб” ва чанд тан аз зиндониёни сиёсиро аз маҳбас озод карданд. Рӯзи 6 октябр Комисияи марказии интихоботӣ натиҷаҳои интихоботро бекор кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.