Додгоҳи ҳуқуқи инсони Аврупо хост, Навалний фавран озод шавад

Додгоҳи ҳуқуқи инсони Аврупо аз Русия хост, сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалнийро фавран аз зиндон озод кунад. Нусхаи қарори додгоҳ дар сомонаи мухолифи рус нашр шудааст.

Тибқи қоида, додгоҳи мазкур дар ҳолатҳои истисноӣ, аз ҷумла зери хатари воқеӣ қарор доштани шикояткунанда қарореро содир хоҳад кард, ки иҷрои он ҳатмӣ хоҳад буд. Вале масъулони Вазорати адлияи Русия чанде пеш гуфтанд, ки ин қарорро иҷро карданӣ нестанд.

Намояндаи Хадамоти матбуотии Вазорати адлияи Русия дар суҳбат бо хабаргузории ТАСС гуфтааст, қарори Додгоҳи ҳуқуқи инсони Аврупо барои фавран озод шудани Навалний “беасос ва дахолати ошкоро ба кори мақомоти додгоҳии кишвари соҳибихтиёр” аст. Дар вазорат ин гуна қарорро “гузаштан аз хати сурх” номиданд.

Кумитаи вазирони Шӯрои Аврупо ибтидои моҳи феврал баррасии шикояти Навалнийро дар бораи иҷро нашудани қарори Додгоҳи ҳуқуқи инсони Аврупо аз сӯи Москва оғоз кард.

Дар сурати асоснок номида шудани шикояти Навалний аз сӯи кумитаи мазкур эҳтимоли кашида шудани Русия ба додгоҳ ва боз дошта шудани узвияти Москва дар Шӯрои Аврупо вуҷуд дорад.

Додгоҳи Москва моҳи феврал ҳукми шартии Навалнийро дар доираи парвандаи қаллобие аз соли 2014 тағйир дода, ӯро 2 солу 8 моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Вале Додгоҳи ҳуқуқи инсони Аврупо соли 2017 гуфта буд, ки ин парванда ҳуқуқи Навалнийро ба баррасии одилона нақз кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.