Додгоҳи Душанбе як мардро бо гуноҳи дастдарозӣ ба номуси ду ноболиғ ба ҳабси абад маҳкум кард

Додгоҳи шаҳри Душанбе як мардро бо гуноҳи дастдарозӣ ба номуси духтарандар ва писарандари ноболиғаш ба ҳабси абад маҳкум кардааст. Додгоҳ рӯзи 15-уми сентябр дар изҳороти расмӣ гуфт, Турғунҷон Исановро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “таҷовуз ба номус” ва “ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ” – ба зиндон андохт. Ӯро дар муассисаи ислоҳии дорои низомаш махсус нигоҳ медоранд. Феълан назари вакили мудофеъ ва ё наздикони Турғунҷон Исканов ба ин қазия маълум нест. Ҳамчунин рӯшан нест, дар мурофиаи додгоҳӣ ҷонибҳо дар ин бора чӣ гуфтаанд. Аммо додгоҳ дар изҳороти расмӣ гуфтааст, ин мард соли 2016 бо зани соҳиби ду фарзанд оиладор шуда, солҳои 2018, 2019 ва моҳи майи имсол ба номуси онҳо дастдарозӣ намудааст. Ташхиси тиббиву додгоҳӣ таҷовуз ба номуси ҳарду ноболиғро тасдиқ кардааст. Моҳҳои ахир чанд ҳодисаи таҷовуз ба номус ва амалҳои шаҳвонӣ нисбат ба хурдсолон дар Тоҷикистон расонаӣ шуд. Дар оғози моҳи августи имсол Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки Юсуф Зиёев, сокини Душанберо бо гуноҳи таҷовуз ба номуси як тифли сесола ба ҳабси абад маҳкум кардаанд. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар охири моҳи июл гуфт, дар шаш моҳи аввали имсол 16 ҷинояти таҷовуз ба номусро сабт кардаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.