Додгоҳи ИМА як ҳакери русро ба 7 сол зиндон маҳкум кард

Евгенний Никулин, як марди рус, барои ҳамлаҳои киберӣ ба LinkedIn, DropBox ва чанд ширкати дигар ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуд. Ин ҳукм аз сӯи як додраси додгоҳи федералӣ дар Сан-Франсиско рӯзи 29-уми сентябр эълон шуд.

Додрас гуфт, ин ҳукми 88-моҳа тақрибан чаҳор солеро, ки Никулин пушти панҷараҳои зиндон, таъсири пандемияи КОВИД-19, мушкили забонӣ ва системаи додгоҳиеро, ки вай бо он ошно нест, дар назар мегирад.

Додрас ҳамчунин гуфт, ки Никулин як духтари 10-сола дар Русия дорад ва модараш мумкин аст онқадар зинда намонад, ки ӯро дубора бубинад. Ваколатдори ӯ Валерий Нечай гуфтааст, ки модари Никулин дар солҳои ахир чаҳор бор амалиёти ҷарроҳии сутунмуҳраро паси сар карда, се бор сактаи мағзӣ кардааст.

Муҷозоти Никулин раванди тақрибан чаҳорсолаеро, ки бо боздошти вай дар Ҷумҳурии Чех дар октябри соли 2016 оғоз шуд, ба поён мерасонад.

Никулин тирамоҳи соли 2016 дар ҷумҳурии Чех боздошт шуд. Амрико ӯро дар ҳамлаҳои киберӣ ба сомонаҳои ширкати LinkedIn, Dropbox ва Formspring гумонбар медонист. Русия низ алайҳи Никулин парванда дорад. Аммо сарфи назар аз дархости Маскав барои истирдод, Ҷумҳурии Чех 30 марти соли 2018 ӯро ба ИМА истирдод кард. Евгений Никулин худро гунаҳкор намешуморад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.