Додгоҳи Нурсултон ду касро барои “тазоҳуроти ғайриқонунӣ” ҳабс кард

Додгоҳе дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон 28 октябр фаъоли маданӣ Аскар Каирбек 15 рӯз ва модари серфарзанд Фирӯза Ордабековаро 10 рӯз ҳабси маъмурӣ кард. Ин ҳар ду дар даъват ба “тазоҳуроти ғайриқонунӣ” айбдор шуданд. Маъмурони пулиси пойтахти Қазоқистон 27 декабр манзили зисти Каирбекро бозҷӯӣ карда, ӯро бо худ ба шуъба бурданд. Ба огаҳии додгоҳи Нурсултон, Каирбек дар нақзи “тартиби ташкили ҷамъомадҳои осоишта” айбдор дониста шуд.

Каирбеки 43-сола борҳо зидди қарорҳои сиёсии ҳукумати Қазоқистон баромад ва озодии маҳбусони сиёсиро талаб карда буд. Ӯ моҳи январ бо ҷурми “итоат накардан ба пулис” 5 рӯз ҳабс шуда буд.

Фирӯза Ордабековаро кормандони пулис шаби 27 октябр бо гумони “даъват ба тазоҳуроти ғайриқонунӣ” тавассути паёмакрасони WhatsApp, боздошт карданд ва додгоҳи Нурсултон вайро 10 рӯз ҳабс намуд. Ордабекова 23 сентябри соли равон ҳам бо гумони “майдаавбошӣ” панҷ рӯз ҳабс шуда буд.

Ҳомиёни ҳуқуқ Бақидҷон Торегожин ва Галим Агелеуов тасмим доранд, 31 октябр бо талаби ислоҳоти сиёсӣ ва қатъи таъқибҳои сиёсӣ дар шаҳри Алмато тазоҳурот баргузор кунанд. Ҳарчанд мақомоти Алмато ба баргузории он аллакай иҷозат додаанд, вале ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар арафаи ин тазоҳурот фишор ба фаъолони маданӣ афзоиш ёфтааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.