Додгоҳи олӣ гуфт, 85 пайрави “Ихвон-ул-муслимин” зиндон ва 18 тан ҷарима шуданд

Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, беш аз 80 нафар аз пайрвони “Ихвон-ул-муслимин”-ро зиндон ва 18 тани дигар ба пардохти ҷарима аз боздоштгоҳ разо шуданд.

Шавкат Лутфуллозода, муовини якуми раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, 18 нафар аз маҳкумшудаҳо дар парвандаи “Ихвон-ул-муслимин” бо пардохти ҷарима раҳо шудаанд. Ӯ рӯзи 19-уми июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, нисбати ин афрод аз 800 то 900 нишондод барои ҳисобҳо (аз 48 то 54 ҳазор сомонӣ) ҷарима таъин шуд, ки бо пардохти ҷарима озод шудаанд. Дар нишасти Додгоҳи олӣ ҷузъиёти бештар дар бораи ин афродро надоданд.

Шавкат Лутфуллозда гуфт ғайр аз 18 нафар, ки бо ҷарима озод шуданд, 85 тан аз пайравони созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Ихвон-ул-муслимин” аз 5 то 24 сол маҳкум ба зиндон шудаанд. Ҳукми додгоҳ моҳи апрел содир шудааст. Ба гуфтаи масъулони Додгоҳи олӣ маҳкумшудаҳо бинобар норозӣ будан аз ҳукми зинаи аввал, ба зинаҳои болоии додгоҳ шикояти кассатсиёнӣ бурдаанд.

Моҳи июн марҳилаи назоратии Додгоҳи олӣ шикояти кассатсионии афроди маҳкумшуда ба пайрави аз созмони “Ихвон-ул- муслимин”-ро рад карда, ҳукми зинаи аввали додгоҳро бетағйир гузоштааст.

Муҳокимаи пайравони “Ихвон-ул-муслимин” моҳи июли соли 2020 паси дарҳои баста оғоз шуда буд. Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфта буд, муҳокима боз аст, вале вакилони мудофеъ ҳамеша аз суҳбат худдорӣ карда, зикр намудаанд, ки парванда зери муҳри “махфӣ” баррасӣ мешавад.

Созмони “Ихвон-ул-муслимин” дар Тоҷикистон аз соли 2006 ба ин сӯ дар кишвар манъ аст. Он соли 1928 дар Миср ташкил шуда, як созмони диниву сиёсӣ аст. Тарафдоронаш онро муътадил ва баъзе ҳукуматҳо террористиву ифротгаро медонанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.