Додгоҳи олии ИМА ҳукми марги бомбгузори марафони Бостонро баррасӣ мекунад

Додгоҳи олии ИМА гуфт, ки аризаи маъмурияти президенти собиқ Доналд Трампро қонеъ карда, ҳукми марг ба Ҷавҳар Тсарнаев,  маҳкумшуда дар бомбгузории марафони шаҳри Бостонро дар  соли 2013 аз нав баррасӣ мекунад. Рӯзи 22-юми март додгоҳ гуфт, ки  барои бозбинии ҳукми додгоҳ иҷоза додааст. Тсарнаев, як чечентабори зодаи Қирғизистон соли 2015 барои куштори се ва маҷрӯҳ кардани садҳо нафари дигар дар ҷараёни дави марафонии соли 2013 ба қатл маҳкум шуд.  Додгоҳи таҷдиди назари Бостон моҳи июли соли гузашта ҳукми қатлро бекор карду ба мурофиаи нави бозбинии ҳукми ӯ амр дод. Дар ҳукми додгоҳ гуфта шуд, ки додрас қазияро пурраву то охир баррасӣ накардааст. Арзёбии ҳуқуқии ин қазия тирамоҳ баргузор мешавад ва ин парванда барои президенти ИМА Ҷо  Байден як имтиҳоне мешавад, ки то куҷо ӯ барои иҷрои ҳукми қатл розӣ аст ё на. Маъмурияти Трамп ба иҷрои 13 ҳукми қатл розӣ шуда буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.