Додгоҳи олии Покистон қарори озод кардани марди муттаҳам дар куштори Даниэл Перлро тасдиқ кард

Додгоҳи олии Покистон гуфт, ки Аҳмад Умар Саид Шайх, марги маҳкумшуда дар қатли бераҳмонаи журналисти амрикоӣ Даниэл Пёрл ба озодӣ мебарояд. Рӯзи 2-юми феврал ҳайати сенафараи узви Додгоҳи олии Покистон қарор кард, ки ҳукми ҳафтаи гузаштаи додгоҳи вилоятӣ дар бораи аз зиндон озод кардани Шайх баъди 18 соли зиндон дуруст буд. Аҳмад Умар Саид Шайх соли 2002 дар рабоиш ва куштори Пёрл гунаҳгор ва ба ҳабси абад маҳкум шуд. Вале дар як ҳукми соли 2021-е, ки боиси хашму эътирози ИМА  гардид, ӯву се нафари дигарро аз идомаи иҷрои ҷазо раҳо кард.

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен қарори додгоҳро ҳамчун “таҳқири қурбониҳои терроризм дар ҳама ҷо, аз ҷумла Покистон” интиқод кард. Пёрли 38-сола раиси бюрои Осиёи Ҷанубии нашрияи The Wall Street Journal буд. Ӯ январи соли 2002 дар шаҳри Карочи рабуда ва баъди чанде хабари куштори ваҳшиёнаи ӯ ҳам ба сафорати ИМА дар Покистон ирсол шуд. Афроди гунаҳгор дар куштори Пёрл афроди вобаста ба гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ мебошанд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.