Додгоҳи Утриш манъи пӯшидани ҳиҷобро дар мактаб бекор кард

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Додгоҳи Қонуни асосии Утриш қонунеро , ки он ба кӯдакони мусалмони синни ибтидоӣ пӯшидани ниқобро манъ менамуд, бекор кард.

  • Дар ин бора “Европейская Правда” бо истинод ба Би-би-сӣ хабар медиҳад.
  • Дар Қарори Додгоҳ гуфта мешавад, ки Қонун алайҳи рӯсариҳои исломӣ равона шудааст ва ҳуқуқи озодии эътиқодро поймол мекунад ва метавонад боиси дар ҳошия мондани духтарони мусалмон гардад.
  • Додгоҳ инчунин далели Ҳукумат дар бораи онро, ки мамнуъият метавонад духтаронро аз фишори иҷтимоии ҳамсинфон муҳофизат кунад, рад кард.
  • Дар  Қарор омадааст, ки дар ҳолати зарурӣ, давлат бояд қонунҳоеро таҳия кунад, ки  аз зӯроварӣ бар асоси ҷинсият ё динро хубтар пешгирӣ кунанд.
  • Қонуне, ки соли гузашта мавриди амал қарор гирифт, сареҳан на пӯшидани рӯсарии мусалмониро, балки  ба бар кардани либоси “пӯшиши мазҳабӣ” -ро барои кӯдакони то 10-сола манъ мекунад.
  • Ин Қонун дар давраи Ҳукумати қаблии эътилофӣ қабул шуда буд, ки дар он Ҳизби муҳофизакори мардумӣ бо Ҳизби ростгарои Озодӣ шарик буд.
  • Ҷамъияти исломии Утриш, ки мусулмонони кишварро намояндагӣ мекунад ва ба Додгоҳ муроҷиат кардааст, аз ин тасмим истиқбол кард.
  • Либоси исломӣ , бавижа рӯсариҳои мухталифи занони мусалмон солҳои охир ба як нишонаи барҷастаи ҳузури ислом дар Иттиҳоди Аврупои  табдил ёфтааст ва бархе аз аҳолӣ ва нирӯҳои сиёсии ин кишварҳоро нигарон кардааст.

The post Додгоҳи Утриш манъи пӯшидани ҳиҷобро дар мактаб бекор кард appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.