Додгоҳ тарроҳ Парвин Ҷаҳонгирӣ ва нашрияи “Вечерка”-ро ҷарима баст

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе тарроҳи ҷавон Парвин Ҷаҳонгириро ба паст задани шаъну эътибори коршарикаш айбдор донист ва 2 ҳазор сомонӣ ҷарима баст. Нашрияи “Вечерка” ҳамчун ҳамҷавобгар дар ин қазия ба пардохти 2 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан дусад доллар, вазифадор шудааст.  

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 27-уми октябр Парвин Ҷаҳонгириро ба паст задани шаъну эътибори Иброҳимов айбдор донист.

Парвин Ҷаҳонгирӣ пештар ба нашрияи “Вечерка” гуфта буд, ки Тоҳир Иброҳимов нисбат ба ӯ аз суханҳои қабеҳ истифода мекард ва ҳатто дар мукотибаҳо аз гуфтани суханҳои бад худдорӣ намеварзид. Онҳо аз моҳи августи соли гузашта то моҳи апрели имсол якҷо бренди “T&Z”-ро пеш мебурданд.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ гуфтааст, ин иттиҳом собит нашуд ва, баръакс, Парвин Ҷаҳонгирӣ ва “Вечерка” шаъну эътибори Тоҳир Иброҳимовро паст задаанд.

Нашрияи “Вечерка” ҳамчун ҳамҷавобгар дар ин қазия ба пардохти 2 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан дусад доллар, вазифадор шудааст.

Тоҳир Иброҳимов рӯзи 27-уми октябр гуфт, ки аз қарори додгоҳ розӣ аст ва “чаҳор ҳазор сомонӣ барои кори хайр сарф хоҳад шуд”.

Талошҳои мо барои тамос бо Парвин Ҷаҳонгирӣ ва вакили мудофеяш то ин дам бенатиҷа буд. Шахсони наздик ба ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки Ҷаҳонгирӣ аз рӯйи қарори додгоҳ ба зинаҳои болоӣ шикоят мекунад.

Вай дар суҳбати пешинааш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, дар ин қазия ҷабрдида аст ва ҳадафаш аз расонаӣ кардани шикоят он буд, ки духтарони дигар “аз гуфтани мушкилашон натарсанд”.

Дар идораи ҳафтаномаи “Вечёрка” низ гуфта буданд, гузориш бо риояи меъёрҳои касбӣ омода шуда, назари ҳарду ҷониби баҳс дар он ҷой дода шудааст.

Интизор меравад, нусхаи қарор то панҷ рӯзи дигар ба дасти ҷонибҳо бирасад. Онҳо фурсат доранд, ки барои бозбинии он ба зинаҳои болоӣ шикоят кунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.