Додгоҳи Молдова мақоми имтиёзноки забони русиро ғайриқонунӣ донист

Забони русӣ дар Молдова аз мақоми забони муоширати байни миллатҳо маҳрум шуд. Додгоҳи конститутсионии ин кишвар қонуни як моҳ пеш қабулкардаи парлумонро ғайриконститутсионӣ эълон кард.

  • Додгоҳ дар ин бора рӯзи панҷшанбеи 21 январ, пас аз баррасии дархости се вакили мухолиф тасмим гирифтааст.
  • Ба гуфтаи раиси Додгоҳ Домника Маноле, моддаи 2-и Қонун дар бораи  забонҳо дар Молдова, ки 16 декабри соли 2020 аз ҷониби парлумон қабул шудааст, “ба забони русӣ дар робита бо забонҳои дигар  ақаллиятҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Молдова мақоми имтиёзнок медиҳад”, ки дар Қонуни асосии Молдова пешбинӣ нашудааст.
  • Дар баёнияи паҳнкардаи Додгоҳ омадааст, “бо назардошти он, ки глотоними «забони руминӣ» мафҳуми «забони молдавиро»-ро низ дар бар мегирад, дар Ҷумҳурии Молдова забони руминӣ барои  на камтар аз 77,86% шаҳрвандон забони модарӣ маҳсуб мешавад, забони русӣ барои ҳадди аққал 9,39% шаҳрвандон, забони гагаузӣ барои ҳадди аққал 4,08% шаҳрвандон, забони укроинӣ барои на камтар аз 3,82% шаҳрвандон ва булғорӣ барои на камтар аз 1,48 забони модарӣ мебошанд”.
  • Додгоҳ аз баробарии ҳуқуқҳои аққалиятҳои миллӣ гуфта, таъкид кардааст,  ки дар асоси натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолии соли 2014 дар ин кишвар минтақаҳое ҳастанд, ки масалан, забони укроинӣ нисбат ба забони русӣ вусъати бештар дорад ва дар баъзе минтақаҳо камтар аз 3 % аҳолӣ аз забони русӣ истифода мекунанд.
  • Ин ҳам дар ҳоле, ки Қонун дар бораи забонҳо дар Молдова ба забони русӣ додани мақоми забони муоширати байни миллатҳо ва имкони муроҷиат ба забони русӣ ба мақомоти давлатиро пешбинӣ мекард. Ин қонун  барои мансабдороне, ки посух ба пурсишҳо бо забони русиро радд мекунанд, ҷазо низ пешбинӣ мекард.
  • Додгоҳ  қонуни навро бар хилофи Қонуни асосии Молдова эътироф карда, бо далелҳои вакилони мухолиф розӣ шудааст, ки меъёрҳои он нақши забони давлатиро паст карданд. Бинобар ин қонуни мазкур аз лаҳзаи қабули қарори додгоҳӣ қатъ карда шуд. Қарори Додгоҳи Қонуни асосӣ ҳатмист ва аз болои он  шикоят кардан номумкин аст.
  • Маврид ба зикр аст, ки мақоми “забони муоширати байни милллатҳо” яке аз падидаҳои баҳсбарангез дар фазои пасошуравӣ маҳсуб мешавад, ки аз давлати Русия аз он барои пешбурди сиёсати “неруи нарм” истифода мебарад. Дар Тоҷикистон низ забони русӣ ҳамин мақомро доро буда, бо талошҳои вакили парлумон, раиси вақти Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов ва нашрияҳои русзабон  дар Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатӣ” мақоми имтиёзноки забони русӣ дар пахши реклому огоҳиҳо дарҷ гаштааст.
  • Бо оғози омодагиҳо ба интиқоли қудрат дар кишвар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон  сиёсати тавсеаи мақоми забони русиро тавассути боз кардани мактабҳои ҳамагониву намояндагиҳои донишгоҳҳо, ҷорӣ кардани барномаҳои омӯзишӣ ва даъвати омӯзгорони забони русӣ ба Тоҷикистон пеш мебарад, то Кремлинро мутақоид созад, ки ҳукуматдори нав низ аз мадори Русия берун нахоҳад рафт.

MediaMarker

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.