Додоҷони Атовулло дар бораи баргузории мунозира бо Муҳиддин Кабирӣ дар радиои “Озодӣ”

РӮЗИ МАЙДОН

мунозирае қабл аз мунозира

 

Ёдатон бошад, ман борҳо Муҳиддин Кабирӣ – сарвари наҳзатиёнро ба баҳси рӯ ба рӯ даъват карда будам. Аз ҷумла, тақрибан ду сол шуд, ки ин мавзӯъ дар сӯҳбатҳои хусусии ман бо кормандони бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» низ матраҳ мешуд.

Се рӯз қабл, Сироҷиддин Толибов ва Мирзонабии Холиқзод аз Праг занг заданд ва пурсон шуданд, ки ман аз фикрам нагаштаам ва омодаам барои баҳс?
– Ҳамеша омода! – чунин буд посухи ман.
Онҳо гуфтанд, ки розигии Кабириро мегиранд ва ба ман хабарашро мерасонанд. Албатта, аз оҳанги сухани онҳо маълум буд, ки тарафи дигар «ҳа»-и деринтизорро ба забон овардааст.
Баъди чанд дақиқа онҳо боз занг заданд ва гуфтанд, ки «масъала – ҳал. Кабирӣ ризоият дод. Мавзӯъи баҳс: чаро оппозитсия якҷо намешавад ва интихобот. Баҳс рӯзи чоршанбе, дар барномаи «Гапи озод», муҷрӣ – Мирзонабии Холиқзод».
Ҳоло ки то «рӯзи майдон» ду рӯз мондааст, (07. 10. 20) мехоҳам чанд нуктаро зикр намоям, то ин баҳс ба як баҳси озод ва бидуни интригаву бозиҳои пасипардагӣ дар ёдҳо бимонад. Шубҳае надорам, ки ҳам масъулини радио ва ҳам худи тарафи дигари баҳс инро мехоҳанд.
1. Мунозира ба тариқи он-лайн сурат гирад. Агар барнома аввал сабт шаваду баъд он пахш гардад, метавонад боиси ҳар гуна каҷфаҳмиҳо гардад. Ҳатман тарафе хоҳад гуфт: ин ҷумлаамро қайчӣ задед, он суоламро буридед ва ғ.ва ҳ.
2. Қоидаҳои асосии мунозира мушаххас бошад.
Муаррифии ҷонибҳои баҳс, суханронии муқаддимавии онҳо чанд дақиқа?
Кӣ якум сухан мегӯяд ва инро кӣ муайян менамояд: муҷрӣ ё …? Пешниҳоди ман, аз ҳама роҳи осону бемушкилаш қуръапартоист.
3. Мавзӯъҳо ҳаминҳоянд, ки гуфта шуданд ва ё боз мавзӯъи дигареро муҷрӣ метавонад ба майдони баҳс биёварад?
4. Барои посух ба ҳар пурсиши муҷрӣ чанд дақиқа вақт ҷудо мешавад?
5. Оё тарафҳои баҳс ҳам метавонанд ба ҳамдигар суол диҳанд? Чанд суол?
6. Агар яке аз тарафҳо ҳар замон сухани якеро буридан гирад, халал расонад, ҷарима мешавад ё хайр? Шояд аз «вақти тараф» тарҳ мешавад?
7. Имкон дорад, ки шунавандагон, бинандагон ва хонандагон низ дар рафти баҳс суол диҳанд? Агар чунин бошад, беҳтар бувад, ки аз ҳар ду ҷониб як ё ду нафар ҳамандешони қаҳрамонони барнома ба тарафи муқобил суол бидиҳанд. Маъмулан чунин суолҳо «газандаанд» ва мисли мурчу қаранфул таомро болаззаттар мекунанд.
8. Ба тарафҳо барои суханронии муқаддимавӣ ва хотимавӣ имкон дода мешавад ва чанд дақиқа?
9. Дар студия, дар паҳлӯ ё болои сари муҷрӣ соате бояд бошад, ки ҳама гузашти вақт ва риояти онро бубинанд.
Иқдоми «Озодӣ» барои роҳандозии чунин баҳсҳо ва мунозираҳо сутуданист.
Он чӣ ман ин ҷо навиштам, танҳо ба он хотир аст, ки ин барномаҳо мароқангезтар бишаванд ва як зинае барои зинда кардани муколамаҳо, мубоҳисаҳо, мунозираҳо гарданд. Ин як.
Баъдан, ман бар онам, ки сиёсатмадор набояд рози ниҳоне аз ҷомиъа дошта бошад. Ҳар коре мо мекунем, ба хотири ҳамин мардум ва ҳамин ҷомиъа аст. Назари онҳо, ширкати онҳо танҳо ва танҳо ба суди кор асту бас.
Дар ин баҳс ман барои худ имтиёзе намехоҳам. Танҳо мехоҳам, ки ҳадди ақал дар як сабқате ширкат варзам, ки аз қонуну қоидаҳояш огоҳам ва ба доваронаш эътимод дорам.
Дигар ба гуфти варзишгарон, майдон аз далер аст. Ҳар касу дави аспаш…

Худо ба ҳамроҳ!

Додоҷони Атовулло 

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.