Додситонҳои Олмон ҳукумати Русияро барои фармоиши куштор дар Берлин гунаҳгор карданд

Додситонҳо дар Олмон як шаҳрванди Русияро дар куштори соли гузаштаи марди гурҷӣ дар Берлин гунаҳкор карда гуфтанд, ки фармони кушторро ҳукумати Русия содир кардааст. Куштори 23 августи порсол ба равобити Маскаву Берлин таъсиргузор шуд. Моҳи декабр Олмон ду дипломати русро бо иттиҳоми адами ҳамкорӣ бо тафтишот ихроҷ кард. Рӯзи 18 июн додситонҳои федеролии Олмон гуфтанд, ки шаҳрванди Русия Вадим К., ки бо тахаллуси Вадим С. амал мекард, дар куштор ва нақзи қонуни силоҳ гумонбар эълон карданд. 

Онҳо гуфтанд, ки то миёнаҳои июли соли гузашта “сохторҳои давлатии ҳукумати марказии Федератсияи Русия” ӯро аз назари “нобуд кардани” қурбонӣ Торнике К. раҳнамоӣ мекарданд. Торнике К. дар гузоришҳои марбут ба куштор бо исми  Зелимхон Хангошвилӣ ёд мешавад. 

Ин марди чечентабори шаҳрванди Гурҷистон як ширкатдори ҷангҳои зидди Русия дар Чеченистон будааст. Олмон гуфт, ки иқдомҳои баъдӣ ҳам андешида мешавад. 

Сафири Русия Сергей Нечаев иттиҳомоти фармоиши куштор аз ҷониби Русияро “бепоя” хондааст. Нечаев гуфт: “Таҳдиди Олмон ба иқдомҳои бештар дар муқобили Русия, дар сурати татбиқ шуданашон, бепосух намемонанд”.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.