Додситонӣ ҳукми додгоҳ дар нисбати Одинаевро “асоснок” донист, наздиконаш “беасос”

Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри баёнияе гуфт, ҳукми додгоҳ дар нисбати Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва писараш “асоснок” аст. Аммо худи Одинаев ва наздиконаш айбномаи мақомотро рад карда, онро “беасос” номиданд.

Маҳмурод Одинаев рӯзи 28-уми январи имсол бо қарори Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ба 14 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ ӯро дар авбошӣ  ва даъват ба сарнагунии ҳокимият айбдор кард. Додгоҳ ҳамчунин Ҳабибулло Ризоев, писари Маҳмурод Одинаевро 58 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.   

Додситонии кулл рӯзи 18-уми феврал дар як баёнияе гуфт, дар робита ба изҳороти Паймони Миллии Тоҷикистон- иттиҳоди мухолифини тоҷик вобаста ба ҳукми зиндони Маҳмурод Одинаев, онро такроран “мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дод”. 

Додситонӣ мегӯяд, Маҳмурод Одинаев рӯзи 29-уми октябри соли гузашта бо ҳамроҳи писар ва ҳамсараш дар назди комисариати ҳарбӣ “дар муддати 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбати кормандони комиссариати ҳарбӣ дашномҳои қабеҳ дода, дар сурати ба хизмати ҳарбӣ бурдани писараш таҳдиди истифодаи зӯрӣ намудааст”. 

Аммо Маҳмурод Одинаев ва писараш Ҳабибулло Ризоев ин иттиҳомро инкор карда, гуфтанд, дар асл кормандони комиссариат писари хонавода Ҳоҷиакбар Ризоевро бо вуҷуди бемор будан “сарбозшикор” карданд. 

Дар изҳороти Додситонии кулл ҳамчунин омадааст, Маҳмурод Одинаев рӯзи 16 ноябри соли 2020 дар сафҳаи фейсбукии худ, “аксҳои намояндагони ҲНИТ, гурӯҳи 24 ва Паймони миллии Тоҷикистонро ҷой дода, дар муроҷиатҳои иғвоангези худ оиди сиёсати роҳбарияти имрӯзаи Тоҷикистон беасос норозигӣ баён намуда, бо мақсади бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ одамонро ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ дар назди бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудааст”.

Қаблан ин нукта дар ҳукми додгоҳ низ садо дода буд. Худи Маҳмурод Одинаев дар вақти эълони ҳукм инро беасос дониста буд. Бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки рӯзи 16 ноябри соли 2020 чунин изҳороте дар сафҳаи фейсбукии Маҳмурод Одинаев дида намешавад.  

Маҳмурод Одинаевро додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 28-уми январ ба 14 сол зиндон маҳкум кард. Додгоҳ ӯро ба “авбошӣ” ва “даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон” гунаҳкор шинохт. Аммо худи Одинеав ва наздиконаш ҳукмро напазируфтанд ва гуфтанд, ба зинаҳои болоӣ шикоят мебаранд. 

Маҳмурод Одинаев моҳи декабри соли гузашта дастгир ва муҳокимааш рӯзи 25-уми январ шуруъ шуда буд. Худи Одинаев пеш аз эълони ҳукм гуфт, дар вақти бозпурсӣ мавриди шиканҷа қарор гирифтааст, вале додситонии кулл ин даъворо беасос номид. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.