Додситонӣ даҳҳо қарори мақомоти Хатлонро бекор кард

Додситонии вилояти Хатлон соли 2020-ум 271 қарори раисони шаҳру навоҳӣ дар ин вилоятро бекор кардааст. Ба қавли додистонӣ 85 дар сади ин қарорҳо ба тақсими нодурусти замин дахл доштанд. Ин рақам дар нисбати соли 2019 – 57 ҳолат бештар будааст. Дар додситонӣ гуфтаанд, 46 фоизи қарорҳои бекоршуда ба раисоне тааллуқ доштанд, ки феълан дар сари вазифаанд. Соли гузашта дар ин вилоят нисбати 112 мансабдор ва хизматчии давлатӣ барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, 4 ҳазору 120 гектар замин ба ҳолати аввал баргардонда шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.