Додситони Қирғизистон гуфт, таҳқиқи парвандаи Матраимов ба поён нарасидааст

Додситони кулли Қирғизистон Курманқул Зулушев парвандаи ҷиноӣ нисбати муовини пешини раиси хадамоти гумруки он кишвар Раимбек Матраимовро шарҳ дод. Вай гуфт, ки Матраимов бо тафтишот ҳамкорӣ карда, зарари расонидаашро ҷуброн мекунад.

“КДАМ парвандаи Матраимовро тафтиш мекунад. Ба иттилои дарёфтии ман, наздики 1 млрд соме, ки ба давлат зарар расонида буд, ба буҷа баргардонидааст. Ҳоло давлат Матраимовро ҳимоят намекунад. Ҳадафи мо – анҷоми тафтишот, ирсоли парванда ба додгоҳ ва таъйини ҷазо аст”, – гуфт Зулушев.

Моҳи октябри соли ҷорӣ КДАМ-и Қирғизистон тафтиши фасодкорӣ дар хадамоти гумруки он кишварро шуруъ кард. Рӯзи 20 октябр дар доираи ин парванда Раимбек Матраимов боздошт шуд. Аммо додгоҳ ӯро ба ҳабси хонагӣ фиристод. Ба иттилои КДАМ, Матраимов розӣ шудааст, ки зарари расонидаашро дар ҳаҷми 2 млрд сом ҷуброн кунад.

Вазорати молияи Қирғизистон рӯзи 8 декабр хабар дод, Матраимов 773 млн 412 ҳазор сомро ба буҷаи давлат баргардонидааст.

Ному насаби Матраимов борҳо дар таҳқиқотҳои рӯзноманигорӣ зикр шудааст. Ӯро дар ташкили низоми фасодолуде дар хадамоти гумруки Қирғизистон айбдор мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.