Додситони кулл гуфт, Маҳмурод Одинаев “лату кӯб нашудааст”

Додситони кулли Тоҷикистон лату кӯб шудани Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва аз фаълолони шабакаҳои иҷтимоиро рад кард. Худи Одинаев дар охирин мурофиаи додгоҳӣ гуфта буд, ки латукӯб шудааст.

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 2-юми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки латукӯб шудани Одинаев “асос” надорад. “Гапи лату куб шудани ӯ дурӯғ аст, иғво аст”,-афзуд Додситони кулл.

Қаблан, дар охирин мурофиаи додгоҳӣ Маҳмурод Одинаев ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки ӯро лату куб кардаанд.

Юсуф Раҳмон ҳамзамон афзуд, ки дар бораи Маҳмурод Одинаев далелҳои кофӣ ҷамъ шуда буд.

Маҳмурод Одинаевро додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 28-уми январ ба 14 сол зиндон маҳкум кард. Додгоҳ ӯро ба “авбошӣ” ва “даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон” гунаҳкор шинохт. Аммо худи Одинеав ва наздиконаш ҳукмро напазируфтанд ва гуфтанд, ки ба зинаҳои болоӣ шикоят мебаранд.

Маҳмурод Одинаев моҳи декабри соли гузашта дастгир ва муҳокимааш рӯзи 25-уми январ шуруъ шуд. Пештар додситон барои ӯ 15 сол зиндон ва барои писараш Ҳабибулло Ризоев 4 соли маҳрумӣ аз озодӣ талаб карда буд.

Номи Маҳмурод Одинаев соли 2012, баъд аз марги Ҳамза Икромзода, маҳбусе дар Душанбе, ба расонаҳо роҳ ёфт. Одинаев он вақт гуфта буд, писараш Суннатулло Ризоевро ҳамчун шоҳиди ҳодиса аз Душанбе ба зиндони Хуҷанд интиқол доданд ва ӯ мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.

Аз он замон ба ҳимоят аз ҳуқуқи писараш ва зиндонёни дигар пардохт ва чанд сол пеш ба Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон рафта, то мақоми муовини раиси ин ҳизби мухолиф расид. Дар интихоботи гузаштаи порлумонӣ аз рӯйхати ҳизбӣ номзад ба мансаби вакили Маҷлиси Намояндагон буд.

Ба гуфтаи пайвандонаш, Одинаев рӯзи 20-уми ноябри соли гузашта ва баъди дархости гирдиҳамоӣ дар маркази Душанбе нопадид шуд. Ӯро баъди ду ҳафта дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд.

Мухолифон боздошту эълони ҳукм ба зидди Маҳмурод Одинаев ва писаронашро тарҳрезишуда меноманд ва бештар ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва танқидҳои пайвастааш аз кори ҳукумат рабт медиҳанд.

Рӯзи 13-уми январ Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар дар гузорише Тоҷикистонро ба “зиндонӣ кардани мунаққидони ҳукумат, аз ҷумла фаъолони мухолифон ва журналистон бо ангезаҳои сиёсӣ” танқид кард. Мақомот ба дурустии кори худ ва сиёсӣ набудани қазияҳо таъкид доранд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.