Додситонии Қирғизистон нақшаи фасодкорӣ дар фурудгоҳи Манасро ошкор кардааст

Додситонии кулли Қирғизистон дар якҷоягӣ бо Додситонии нақлиётии ин кишвар нақшаи устувори фасодкории “Компания Манас Менеҷмент”, ширкати тобеи корхонаи “Фурудгоҳи байналмилалии Манас”-ро ошкор кардаанд.

Ба огаҳии додситонӣ, шахсони масъули ширкат ба ширкатҳои хориҷӣ дар бахши ҳамлу нақли байналмилалии бор имтиёз медодаанд. Дар натиҷа онҳо ба ҷои 95 евро барои ҳар тонна 60 доллар мепардохтаанд.

Ҳаминтариқ “Фурудгоҳи байналмилалии Манас” аз моҳи январи соли 2018 то моҳи ноябри соли 2020 139 миллиону 598 ҳазору 681 сом ($1,7 млн) кам даромад дидааст.

Дар робита ба ин қазия бо банди “Сӯистифода аз мақом дар созмони тиҷорӣ” парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.