Додситонии Бишкек ҳодисаи қатли духтари ҷавонро оғоз кардааст

Додситонии шаҳри Бишкек  нисбат ба чанд пулиси ин шаҳр барои хунукназарие, ки боиси рабудан ва қатли як духтар шудааст, тафтиш оғоз кардааст.

Дар Қирғизистон Айзада Канатбековаи 27-соларо мурда ёфтанд, ки ӯро барои издивоҷ аз кӯча рабуда буданд.

Пайвандони Айзада Канатбекова мегӯянд, кормандони пулис имкон доштанд, ки аз ин ҳодиса пешгирӣ кунанд.

Пулиси Қирғизистон хабар медиҳад, марде ки Канатбековаро рабуда буд, худкушӣ кардааст.

Духтари 27-соларо рӯзи 5 арпел дар шаҳри Бишкек рабуданд. Се мард ӯро иҷборан дар мошине нишонда, ба самти номаълум бурданд.

Ҷасади Канатбекова бо нишонаҳои марги маҷбурӣ ва ҷасади марди 36-сола бо захмӣ корд дар дохили мошине миёни деҳаҳои Арашан ва Чокморов дар наздикии шаҳри Бишкек пайдо шуд.

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон иқдоми эътирозии “Зидди хушунат” баргузор шуд. Садҳо сокини шаҳр пушти дари бинои вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҷамъ шуда, дар робита ба қатли пурсарусадои Айзада Канатбекова изҳори мавқеъ карда буданд.

Дар Қирғизистон то кунун занҳоро бо ҳадафи издивоҷ аз кӯча мерабоянд. Пас гирифтани зан аз хонаи марде, ки ӯро рабудааст, беобрӯӣ ба ҳисоб меравад. Ба ҳамин далел волидон духтарони худро баъд аз рабуда шудан аз манзили марди бегона барнамегардонанд. Барои арусрабоӣ дар Қирғизистон ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.